Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СБП ба Эрон дар бораи истихроҷи нафт


Як мақоми баландпояи Сандуқи Байналмиллалии Пул ба раҳбарони Эрон ҳушдор дод, то барои пешрафти иқтисоди кишвар бар даромади нафт такя накунанд.

Девид Липтон-муовини раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул рӯзи сешанбе зимни суханони худ дар Бонки Марказии Эрон гуфт, ки ин кишвар пас аз бардошта шудани таҳримҳо фурсати муносибе ба даст овардааст, то ба иқтисоди ҷаҳонӣ бештар наздик шавад.

Аз замони бардошта шудани таҳримҳои зидди Эрон дар аввалҳои соли ҷорӣ Теҳрон содироти нафти худро ба ҳудуди чаҳор миллион бушка дар як рӯз расондааст.

Муовини раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул дар сафари дурӯзааш ба Теҳрон ба мақомҳои Эрон гуфт, ки ба далели коҳиши шадиди нархи нафт ин кишвар бояд барои рушд ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар оянда дар бахшҳои дигар ба ғайр аз фурӯши нафт сармоягузорӣ кунад.

Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Эрон барномаи иқтисодӣ надорад ва танҳо машваратҳои ғайрирасмӣ ва кӯмакҳои фаннӣ дар ихтиёри мақомҳои ин кишвар мегузорад.

XS
SM
MD
LG