Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамола унвони Овозхони мардумии Украина гирифт


Иттиҳоди пахши Аврупоӣ натиҷаи овоздиҳии “Евровидение-2016"-ро бозбинӣ намекунад, хабар медиҳад саҳифаи расмии озмун дар Facebook. Ин дар ҳолест, ки Ҷамола бо фармони Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина унвони ифтихории Овозхони мардумии Украинаро гирифт.

Ин изҳороти созмондиҳандагон дар пасманзари ҷамъоварии имзо дар сомонаи Change.org барои бозбинии натиҷаи озмуни "Евровидение-2016" садо медиҳад. То кунун сомона барои бозбинии натиҷаи озмун 300 ҳазор имзо ҷамъ овардааст.

Ҷамъоварии имзо мавзуи баҳси бисёре аз расонаҳои Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Матни арзномае, ки корбарон зери он имзо мегузоранд, қуваи ҳуқуқӣ надорад. Иттиҳоди пахши Аврупоӣ вазифадор нест, ки ин арзномаро ба эътибор гирад.

Шуруъ аз имсол "Евровидение" низоми шумориши овозҳоро тағйир дод. Акнун доварони касбӣ ҳам ҳаққи баҳо додандро пайдо карданд. Иштирокчии озмун аз Русия Сергей Лазарев ҷои севумро касб кард. Лазарев бештарин раъйи бинандагонро гирифтааст, аммо доварон ба вай мақоми панҷумро доданд.

XS
SM
MD
LG