Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содирот - 265 миллион, воридот - 920 миллион


Алюминий ва пахта солҳост, ки ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Алюминий ва пахта солҳост, ки ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли 2016 ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 265 миллион доллар маҳсулот фурӯхта, дар ҳамин давра аз хориҷ ба маблағи 920 миллион доллар мол ворид кардааст. Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон назар ба содироташ қариб 3,5 маротиба, ё 655 миллион доллар бештар будааст. Ҷамъи тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 4 моҳи аввал сол 1,1 миллиард долларро ташкил додааст, ки назар ба як соли пеш 10 дарсад камтар аст. 80 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон танҳо бо 4 кишвар – Чин (298 миллион доллар), Русия (287 миллион), Қазоқистон (192 миллион) ва Туркия (105 миллион) сурат гирифтааст.

Алюминий ва пахта солҳост, ки ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG