Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон баргузор шуд, 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтанд.
Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон – ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд.
Дар сабқати навҷавонону духтарон гуштигирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон -Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (-81 кг) - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни то 48 кг медали биринҷӣ гирифт.
Дар ҳисоби дастаӣ дар сабқати навҷавонон мунтахаби Узбакистон бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 16 биринҷӣ ғолиб шуд. Русия (1-1-1) дувум ва Қазоқистон (1-0-0) севум шуданд. Дастаи Тоҷикистон (0-3-3) дар ҷойи чорум қарор гирифт.
Дар сабқати наврасон варзишгарони тоҷик соҳиби се медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Медалҳои тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило оварданд.
Ёқубҷон Назиров (-81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (-81 кг) ва Шарифҷон Назриев (-90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар сабқати наврасон низ мунтахаби Узбакистон (12-10-15) мақоми аввалро касб кард. Тоҷикистон (3-1-2) дувум, Қазоқистон (0-2-1) севум, Русия (0-1-1) чорум ва Қирғизистон бо як медали нуқра панҷум шуданд.
Ҳақиқатанба инҳо аз таърих сабақаша нагирифтаанд. Ба хусус ки Тоҷикистонанба. Магар ҳамин пешво қиссаҳои гузаштагонамона нашунида бошанд? Магар намедонанд, ки пас аз сари ӯ байни фарзандонаш якдигаркушиву бадарғакуниҳо сар шуданаш мумкин? Ҳозиранба бинед байни Рустаму Озода чӣ шуда истодагиш? Рустам ҳама бизнест почоҳоша якто якто кашида гифсос. Оқибаташа Худо хайрба биёрад.
Фарки киргизхо аз дигар халкхои Мовароуннахр дар он аст ки худи миллати киргиз пулдусту бойпарвару косалесу чоплус нест.Ана барои хамин онхо дар муборизахояшон пируз хастанд.
Ассалому алайкум хамватанони ман ягон фикр накнен Э.Рахмон мехохад ки фарзандаш ё ягон нафарро аз оила чойгузини худ намояд. Вале у хуб ва якин дарк намудаст, ки ин хохишаш ягон вакт чомаи амал намепушад. Зеро дар Туркманистон дигар сенария буд он чо у фарзанди пинхони аз мардум калон кардашро оварда гузоштанд Вале агар мархум Туркманбоши низ бе восита ошкоро фарзанди худаш ба воя расонидаро дар оила мегузошт окибаташ худ бояд дарк намоед чи мешуд барои хамин дар он чо ин хама пинхони сурат гирифт. Вале дар Точикистон ягон вакт ичозат намедиханд зеро ихтиёр дар дасти Э.Рахмон мешуд эхе кайхо Рустамро мегузошт Вале оила хуб дарк намудааст, ки ин ба марг ва нести мебарад. Бинобар ин таьин намудани Рустам дар дасти у нест. Зеро давлатхои 1 муайян менамоянд, ки мешавад ва инро бояд чи мухолифони сохтаи Э.Рахмон ва худи у дарк намудаанд ва он нафар аз халки одди аст. Ба касе зиён нахохад расид. Зеро танхо хизмат барои пешрафти мардум хохад намуд. Зиндаву сарбаланд бошед.
Худо додаст мартабашона, агар амрико метавонист гумашон мекард бо марионеткаш (арабистони сауди) худо хостаст мардакора
Иродаи мардаки чияй?