Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 июн – поёни таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон


Хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон имсол дарсҳояшонро рӯзи 7 июн ба поён хоҳанд расонд. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 17 май ба Озодӣ гуфт, ки дар ин бора фармони вазир содир шудааст. Ба қавли ӯ, “ин соли дувум аст, ки дарси хонадагони макотиби миёна рӯзи 7 июн ба анҷом мерасад ва ҳеч ҷои нигаронӣ надорад”. Дар гузашта хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон то охири моҳи май дарсҳояшонро ба итмом расонад, ба таътил мерафтанд.

XS
SM
MD
LG