Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи борони шадид дар як қатор ноҳияҳои Қирғизистон сел омада, ки дар натиҷа чанд манзили зисту пул ва роҳ хароб гардидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, сел ба ноҳияҳои Оқсӯю Токтогули вилояти Ҷалолобод, Қорасӯю Қоракулчаи вилояти Ӯш ва Лайлаки вилояти Бодканд омадааст.

Гуфта мешавад, сел дар чарогоҳи Тоқтиқи ноҳияи Токтогул беш аз 100 сар чорворо нобуд кардааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фақулодаи Қирғизистон мегӯяд, ҳоло дар минтақаҳои селзада корҳои барқарорсозӣ ва муайян кардани ҳаҷми осеб оғоз гардидааст.

Видеоҳои охирин

Нахустин паёми видеоии Юлия Скрипал баъди ба ҳуш омаданаш
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:57 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG