Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико сохтмони сипарро дар Полша оғоз мекунад


Амрико сохтмони сипари зиддунақизи аврупоии НАТО-ро дар як таъсисоти низомии Полша оғоз мекунад. Вашингтон мегӯяд, ки ин сипар барои ҳимояти НАТО аз мушакҳои кӯтоҳбурд ва миёнбурд ба хусус аз Ховари Миёна аст.

Русия ҳарос дорад, ки ин сипар метавонад бар зидди Маскав истифода шавад ва тавозуни стратегӣ дар минтақаро аз байн барад. 12 май Амрико ҳамин гуна сипари зиддимушакии худро бо вуҷуди эътирозҳои Маскав дар қаламрави Руминия ба кор даровард.

Корҳои сохтмонӣ дар минтақаи Редзиково дар шимоли Полша бояд то поёни соли 2018 ба поён расад. Редзиково аз Калинигради Русия 250 километр дуртар аст.

Дар пойгоҳи Редзиково 24 мушаки заминии SM-3 ва мушакҳои зидди ҳавоӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Сохтмони сипари зидди ҳавоии Полша охирин силсилаи зидди мушакии НАТО мебошад.

XS
SM
MD
LG