Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ҳуқуқ дар Карочии Покистон кушта шуд


Хуррам Закӣ
Хуррам Закӣ

Пулиси Покистон мегӯяд, ки 8 май мардони мусаллаҳи номаълум ҳангоми ҳаракат бо мототсикл дар шаҳри Карочӣ яке аз фаъолони машҳури ҳуқуқи башарро ҳадафи тир қарор додаанд. Ду нафари дигар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.

Хуррам Закӣ-рӯзноманигори пешин ва сардабири сомонаи интернетӣ ва сафҳаи маъруфи Facebook бо номи “Биё, Покистонро бисозем”буд. Вай ақидаҳои озоди мазҳабиро таблиғ мекард ва ифротгароиро дар ҳар шакл маҳкум менамуд.

Закӣ барои раҳбарии маъракаи зидди Абдулазиз-рӯҳонии зиддунақиз аз Лал Масҷид ё Масҷиди Сурх дар Исломобод маъруфият пайдо карда буд. Ин масҷид пойгоҳи тундравҳои исломӣ шинохта шудааст.

Дар маъракаи мазкур онҳо бар зидди ин рӯҳонӣ парванда дуруст карданд, зеро вай ақалиятҳои шиаро тавҳин мекард. Ин ақалиятҳо гаҳ-гоҳе мавриди ҳамлаи тундгароён қарор мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG