Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҳқиқи суқути чархбол дар Камчатка


Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқи сабабҳои суқути чархболеро шурӯъ кард, ки рӯзи 3-уми май дар Кишвари Камчатка дар Шарқи Дур суқут кард ва се нафарро кушт. Ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои фавқуллода, чархболи хусусии Робисон-44, ки чаҳор ҷойи нишаст доранд, дар 80 километрии шаҳри Петропавловск Камчатский сарнагун шудааст. Ба гуфтаи вазорат, маъмурони наҷот ҷасади 3 нафарро пайдо карданд ва ба амалиёти наҷоту ҷустуҷӯ хотима доданд. Ба гуфтаи мақомот, зимни парвози чархбол, ҳаво соф ва мусоид будааст.

XS
SM
MD
LG