Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи хашмолудаи Покистон ба Доналд Трамп


Давлати Покистон Доналд Трамп, довталаби номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрикоро барои баёнияааш дар бораи як табиби покистонӣ, ки дар пайдо кардани Усома бин Лодан кӯмак кард, “нодон” номид. Доналд Трамп, миллиардери амрикоӣ, ки довталаби асосии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, ҳафтаи гузашта ба телевизиони Фокс Нюс гуфт, агар раиси ҷумҳур шавад, Покистонро маҷбур мекунад, Шакил Афридиро “дар ду дақиқа” аз зиндон озод кунад, чун Покистон аз Амрико кӯмаки зиёд мегирад. Чудрӣ Нисор Алихон, вазири умури дохилии Покистон, рӯзи 2-уми май дар посухи хашмолудае гуфт, “Баръакси тасаввури нодурусти ҷаноби Трамп, Покистон мустамликаи Амрико нест.” Ӯ гуфт, Доналд Трамп бояд эҳтиром ба кишварҳои мустақилро ёд бигирад. Ба қавли Чудрӣ Нисор Алихон, “чормағзҳо” ва ё 13 миллиард долларе, ки Амрико сар аз соли 2001 ба Покистон додааст, набояд ба ҳайси замина барои таҳдид ва зӯргуӣ истифода шавад. Вазири умури дохилии Покистон гуфт, тақдири Шакил Афридиро додгоҳҳо ва ҳукумати кишвараш ҳал мекунад, на Доналд Трамп, ҳатто агар раиси ҷумҳури Амрико ҳам шавад. Шакил Афридӣ табиби покистониро, ки дар пайдову нобуд кардани Усома бин Лодан мусоидат кардааст, дар кишвараш ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG