Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши кока-кола дар Тошканд маҳдуд шуд


Бисёре аз мағозаҳои Узбакистон дар фурӯши нӯшобаи кока-кола маҳдудият ҷорӣ кардаанд. Ба сабаби боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ин кишвар хариди он афзоиш ёфтааст.

Бино ба гузориши хабарнигорони бахши узбакии Радиои Озодӣ, дар Тошканд бисёре аз мағозаҳо ба як муштарӣ бештар аз як зарфи яклитрӣ кока-кола намефурӯшанд. Баъзе мағозаҳои дигар фурӯшро аслан боздоштаанд.

Яке аз хатҳои корхонаи кока-кола дар Тошканд дар таъмир аст ва он як моҳ давом мекунад. Таъмиркунандагон дар Тошканд мегӯянд, ки тавлидкунандаи кока-кола пеш аз корҳои таъмир дархост кардааст, ки нархи фурӯши ин нӯшоба 60 дарсад боло бурда шавад.

XS
SM
MD
LG