Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае се сарбози Туркия кушта шуданд


Дар як ҳамлае дар ҷанубушарқи курднишини Туркия 3 сарбози турк кушта шуданд ва 14 нафари онҳо захм бардоштанд. Артиши Туркия гуфт, ки ҳамла дар ноҳияи Нусайбин дар вилояти Мардон кори дасти ҷудоиталабони Ҳизби Коргарии Курдистон аст. Ҳамла дар 2 километрии марзи Сурия рух дод ва дар ҷое, ки артиши Туркия амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Хабаргузории хусусии Доган гуфт, ки ҷудоиталабони курд ба гурӯҳи сарбозони минаҷӯ бо мушак ҳамла кардаанд. Баъди баҳам хӯрдани раванди шиканандаи сулҳ миёни Туркия ва Ҳизби Коргарии Курдистон дар моҳи июли соли 2015 қатлу хунрезӣ дар ҷанубушарқи Туркия авҷ гирифт. Аз соли 1984 то кунун баъди онки тарафдорони Ҳизби Коргарии Курдистон бо талаби мухторият аслиҳа ба даст гирифтанд, дар ин муноқиша 40 ҳазор нафар кушта шудаанд. Туркия ҳизби мазкурро ғайриқонунӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG