Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Вазъи Ҳалаб "фоҷиабор" аст


Раҳбари ҳайати башардӯстонаи СММ дар Сурия Ян Эгеланд аз бад шудани "вазъият ба таври фоҷиавӣ" дар Ҳалаб ва бархе аз навоҳии Ҳумс хабар додааст. Дар баёнияи намояндаи Созмони Милал омадааст, дар зарфи ду рӯзи ахири вазъияти амниятӣ дар ин ҷо бад шуда ва бар асари бомбаборон шудани мавқеъи ҷангиён дар Ҳалаб беш аз 60 нафар кушта ва бемористону биноҳои дигар хароб шудаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Эгеланд, дар соатҳо ё рӯзҳои наздик сарнавишти оштӣ ҳал хоҳад шуд.

Созмони башардӯстонаи Фаронса "Пизишкони бидуни марз" хабар додааст, шаби 27 апрел дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоӣ 30 нафар, аз ҷумла, 14 бемор ва 6 пизишк кушта шудаанд. Аммо мақомоти Сурия ҳамлаи барқасдона ба бемористонро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG