Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Додгоҳи олии Қрим маҷлиси тоторҳоро манъ кард

Додгоҳи олии Қрими ғасбшуда шӯрои иҷроияи тоторҳои Қримро созмони ифротӣ эътироф ва фаъолияташро қатъ кардааст. Қароре, ки 26 апрел содир шуд, ҳамлаи дигаре ба ҷамъияти тоторҳодониста мешавад. Аксари аъзои ин ҷамъият ба ғасби ҳокимияти Қрим аз сӯи Москва мухолифат варзида буданд.

Пештар аз ин вазорати адлияи Русия маҷлиси тоторҳои Қримро шомили рӯйхати созмонҳои ифротӣ карда буд. Қарори нави додгоҳ ба мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, ки идораи нашрияи маҷлисро банданд ва дастгоҳу дигар дороии онро мусодира кунанд. Ҳазорон тотор, ки 12 дарсади ҷамъияти 2,5-миллионии нимҷазираро ташкил медоданд, баъди ғасби Қрим дар ду соли пеш ин қаламравро тарк карданд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли додситони Қрим Наталя Поклонская навишт, ки ҳама гуна фаъолияти маҷлис аз ин ба баъд ғайриқонунӣ хоҳад буд. Сардори маҷлис Рефат Чубаров ба рӯзноманигорон дар Киев хабар додааст, ки маҷлис ва ниҳоду созмонҳои марбути он дар пойтахти Украина ба фаъолият идома медиҳанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Марги як эътирозгари эронӣ дар боздоштгоҳи Теҳрон

Нодир Мухторӣ 35 сол дошт ва баъди эътирозҳои моҳи ноябри порсол боздошт шуд

Дар як боздоштгоҳи Теҳрон марде даргузашт, ки барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ боздошт шуда буд. Нодир Мухторӣ 35 сол дошт ва ба иттилои вебсайти “Калима” рӯзҳои истироҳати гузашта дар боздоштгоҳи Коҳрезаки Теҳрон ҷон дод. Ҳанӯз мақомоти эронӣ дар бораи ин хабар изҳори назар накардаанд. Дар гузориш омадааст, ки Мухторӣ барои ширкаташ дар эътирозҳои шаҳри Караҷ, воқеъ дар ҷануби Теҳрон, шадидан латукӯб шуд ва баъди ин ба кома ё беҳушӣ афтод. Моҳи март дубора ба худ омад ва ӯро бо вуҷуди эътирозҳои наздиконаш, ба беморхонаи Коҳрезак интиқол доданд. Вебсайти “Калима” мегӯяд, ки ҷасади ӯро то ҳол ба наздикон насупурданд ва худи оилааш ҳам то ҳол таҳти фишору таҳдид қарор дорад. Amnesty International гуфт, ки дар саркӯби эътирозҳои моҳи ноябри порсол 304 нафар ҷон дод. Ин мардум аз якбора боло рафтани қимати гази моеъ даст ба эътироз заданд. Мақомоти эронӣ, ки омори нашркардаи созмони ҳомии ҳуқуқро ҳамчун “ғайривоқеӣ” рад мекунанд, то ҳол омори худро дар ин замина нашр накардаанд.

Дар Чин як соҳибкори мунаққиди Сӣ Ҷинпин ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

Рен Жикуан дар шабакаҳои иҷтимоӣ шеваи бархӯрди ҳукумати Чин ба бӯҳрони коронавирусро танқид кардааст. Дар акс: ходими тиб дар Чин аз як муштарӣ тести санҷишии Covid-19 мегирад

Дар Чин як соҳибкор ва сармоягузори соҳаи хонафурӯшӣ, ки бо танқидҳои шадидаш аз президент Сӣ Ҷинпин маъруф аст, ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи 22-юми сентябр додгоҳе дар Пекин дар вебсайташ хабар дод, ки Рен Жикуан, собиқ раҳбари гурӯҳи тиҷоратии Huayuan инчунин ба пардохти 618 ҳазор доллар ҷарима муваззаф шудааст. Ӯро дар “фасод, порагирӣ, тасарруфи пулҳои ҷамъиятӣ ва сӯиистифода аз вазифа” гунаҳгор карданд. Додгоҳ гуфт, ки Рен дар содир кардани “ҷиноят” иқрор шуда бо ҳукми додгоҳ розӣ шудааст. Рен 69 сол дошта, дар гузашта узви ҳизби ҳокими коммунистии Чин буд ва бо элитаи сиёсии кишвар дар равобити хуб қарор дошт. Ӯро моҳи июли имсол аз узвияти ҳизб хориҷ карданд ва дар он муттаҳам карданд, ки “дар машварат бо фарзандонаш бо ҷамъоварии сарват машғул будааст”. Рен ҳамроҳ бо писару як ёвараш баъди он ки оғози соли ҷорӣ як гузориши интиқодӣ дар бораи шеваи бархӯрди ҳукумати Чин дар қиболи бӯҳрони коронавирус мақолаи интиқодӣ чоп кард, боздошт шуданд. Бо ин ки дар мақола исми Сӣ Ҷинпин нашр нашуда буд, ӯ дар ин матлаб дар бораи як “масхарабози” ташнаи қудрат ҳарф мезанад, ки мехоҳад “нақши императорро бибозад”. Аз ин пеш ӯ борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳизби коммунистро интиқод кардааст.


ODIHR: Барои назорат аз интихоботи Тоҷикистон эҳтимол гурӯҳи хурди коршиносон мераванд

Яке аз нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), ниҳоди вобаста ба Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳанӯз дар бораи чигунагии назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Як масъули созмон гуфт, ба эҳтимоли зиёд, бо фиристодани гуруҳи хурди коршиносон иктифо хоҳанд кард.

ODIHR дар интихоботи порлумонии моҳи март низ гуруҳи хурди коршиносонро ба Тоҷикистон фиристода буд, вале дар интихоботҳои гузашта нозирони дарозмуддаташ иштирок мекарданд.

Лорен Барановска, ноиби сухангӯи ODIHR, рӯзи 21-уми сентябр дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳанӯз масъала ҳалли худро наёфтааст. Агар аз ҷониби мо назорати интихоботӣ барпо шавад, як гурӯҳи арзёбикунандаи хурди интихоботӣ, бо шумули тими мутахассисони калидӣ, хоҳанд рафт. Ҳамонгуна, ки дар моҳи март буд.”

Барановска 15-уми сентябр хабар дод, ки ODIHR барои фиристодани ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе даъватнома гирифтааст.

Бори аввал дар соли 2020 созмон аз ирсоли ҳайати дарозмуддати худ барои назорат аз ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон худдорӣ карда, танҳо ҳайати хурди коршиносонашро фиристода буд.

Гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки моҳи март барои назорати интихоботи порлумонӣ омаданд, рӯзи 27-уми май гузориши ниҳоии хешро нашр карданд. Онҳо гуфтанд, интихоботи порлумонӣ дар як фазое баргузор шуд, ки “нақзи пайвастаи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои бунёдӣ, фазое барои мубоҳисаҳои гуногунандеши сиёсӣ нагузошт ва мухолифони аслӣ аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд.”

Дар натиҷа, ба гуфтаи муаллифони гузориш, мардум дар Тоҷикистон алтернатива ва ё гузинаҳои сиёсӣ барои интихоб надоштанд.

Баҳои ин ниҳод аз интихоботҳои президентӣ дар давоми солҳои истиқлол ғолибан интиқодӣ буда, ҳама овоздиҳиҳоро мухолиф бо меъёрҳои интихоботи демократӣ арзёбӣ кардааст.

Дар интихоботи президентии имсола панҷ номзад иштирок мекунанд, ки яке аз онҳо президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон аст. Мунтақидону мухолифон мегӯянд, ширкати президенти 68-солаи Тоҷикистон, ки аз соли 1994 дар интихобот ҳамеша баранда эълон шудааст, натиҷаҳои онро аз ҳоло пешгӯишаванда мекунад.

Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон довталаб Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократро ба далели мушкил дар санадҳояш сабтином накард.

Фаромуз Иргашев, ки мехост аз роҳи худбешпарӣ ё мустақилона дар интихобот ширкат кунад, сабаи ҷамъ наовардани 260 ҳазор имзои зарурӣ аз идомаи мубориза даст кашид ва гуфт, барои зарар нарасидан ба тарафдоронаш имзои ҷамъовардаи худро аз байн мебарад.

Дар ИМА шумори ҳалокшудаҳо ба 200 ҳазор нафар наздик шуд

ИМА, навбат барои ворид шудан ба як осорхона

Рӯзи 21-уми сентябр дар ИМА шумори ҳалокшудаҳо бар асари COVID-19 ба 200 ҳазор нафар наздик шуд. Ин дар ҳолест, ки президент Доналд Трамп ишора кардааст, ки бадтарин рӯзҳо пуштисар мешавад. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна дар ИМА 800 нафар қурбони коронавирус мешавад. Ин омор аз нишондодҳои миёнаҳои моҳи апрел, ки он замон ба ҳисоби миёна 2800 нафар ҷон медод, камтар аст.

Дар ҳамин ҳол дар Аврупо тарс аз авҷгирии мавҷи дуюми паҳншавии вируси нав дар Испания, Фаронса ва Бритониё пайдо шудааст ва дар ин ва дигар кишварҳои аврупоӣ меъёрҳои беҳдориву маҳдудиятҳои иҷтимоиро сахттар мекунанд. Интизор меравад, ки нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 22-юми сентябр дар заминаи шадидтар шудани меъёрҳои беҳдорӣ дар кишвар эълони наве бидиҳад.

Қибрис ба таҳримҳои ИА дар нисбати Беларус мухолифат кард

21-уми сентябр, Брюссел. Тихановская дар назди Боррел акси як эътирозгари шиканҷашудаи Беларусро намоиш медиҳад

Вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи рӯзи 21-уми сентябр дар Брюссел натавонистанд сари масъалаи таҳрими Беларус ба иттифоқи назар даст ёбанд. Қибрис ба таҳрими алайҳи Беларус мухолифат нишон дод ва талаб кард, ки ИА инчунин алайҳи Туркия иқдом кунад. Қибрис бо Анкара сари масъалаи марбут ба истихроҷи газ дар шарқи баҳри Миёназамин ихтилофи назар дорад. Масдуд шудани овоздиҳӣ танҳо аз роҳи ветои як кишвари узвро як заъфи низоми дипломатии ИА меноманд. Ин мавзӯъ ҳамакнун дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИА дар таърихи 24-25-уми сентябр баррасӣ мешавад. Жозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии ИА ба хабарнигорон гуфт, ки агар ИА дар ҷорӣ кардани таҳримҳо ноком шавад, пас “эътибори мо” зери суол меравад. Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская, ки қабл аз ин овоздиҳиҳо бо вазирони хориҷаи ИА дар Брюссел дидору гуфтугӯ кард, аз дипломатҳои аврупоӣ хост, ки “ҷасорати бештар нишон диҳанд”. Ба андешаи Тихановская, таҳримҳо усули калидии ба муколама водор кардани мақомоти Беларус мебошад.

Зукоми мурғ дар чанд вилояти Қазоқистон ба қайд гирифта шуд

Дар панҷ вилояти Қазоқистон талафоти сартосарии мурғҳои хонагӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти он кишвар мегӯянд, ҳадди ақал дар се вилоят зукоми мурғ таъйид шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 сентябр мақомоти Қазоқистон хабар доданд.

"То имрӯз дар 26 ноҳияи 5 вилояти кишвар талафоти мурғи хонагӣ сабт шудааст. Шумори умумии мурғҳои талафшуда 12 ҳазору 926 сарро ташкил медиҳад. Талафот дар фабрикаи мурғпарварии вилояти Қазоқистони Шимолӣ ҳам сабт шуд. Дар ин фабрика 41 ҳазор мурғ талаф шудааст",-гуфт Гулмира Исоева, муовини вазири хоҷагии деҳоти Қазоқистон.

Чанд рӯз пеш мақомоти Қазоқистон аз паҳншавии "зукоми мурғ" дар он кишвар ва чораандешӣ зидди паҳншавии ин навъи зуком хабар дода буданд. Мақомот ҳамзамон содироти гӯшти мурғро аз вилоятҳое манъ карданд, ки дар онҳо зуком сабт шудааст.

Ҳукумати Қазоқистон ба сокиноне, ки мурғҳояшон талаф шудаанд, пардохти ҷуброн ваъда кард.

Даргузашти ҳамсари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ

Зебунисо Қутбиддинова.

Зебунисо Қутбиддинова, ҳамсари шоири маъруфи тоҷик марҳум Лоиқ Шералӣ шаби гузашта дар сини 71-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, чанд вақти ахир ӯ аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд.

Комрон Ҳамроев, домоди ин хонадон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи васияти худи Зебунисо Қутбидинова, ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш Панҷакент интиқол доданд. Қарор аст маросими ҷанозаи ӯ имруз баргузор шавад.

Зебунисо Қутбиддинова муаллимаи забон ва адабиёт буд ва дар солҳо дар мактабҳои пойтахт ба шогирдон аз ин фан дарс мегуфт. Аз Зебунисо Қутбиддинова ва Лоиқ Шералӣ панҷ фарзанд ба мерос мондааст.

Шавҳари Зебунисо Қутбиддинова -- шоири маъруфи тоҷик устод Лоиқ Шералӣ 30-юми соли 2000 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шудааст.

Рӯзноманигорони қирғиз аз аҳзоб хостанд созишномаи озодии баёнро имзо кунанд

Намояндагони аҳзоби сиёсии Қирғизистон.

Гуруҳи ташаббускори рӯзноманигорон ва блогнависони Қирғизистон аз ҳизбҳои сиёсии он кишвар даъват кард, ки созишномаи озодии баёнро имзо кунанд. Дар ин бора аз созмони ҷамъиятии "Рӯзноманигорон" хабар доданд.

Созмони "Рӯзноманигорон", Иттиҳоди мустақили рӯзноманигорони Қирғизистон, чанд расона, коршиносони соҳаи расонаҳо ва рӯзноманигорон аз ҳизбҳои сиёсӣ даъват карданд, ки масъулияти таъмини озодии баён, демократия ва ҳуқуқи инсонро дар кишвар ба зима бигиранд ва ба созишнома бипайванданд.

Дар матни созишнома омадааст, ҳизбҳое ки ба он мепайванданд, шаҳодат медиҳанд, ки қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии аз сӯи порлумон дар оянда қабулшаванда бояд озодии баёнро таҳким ва рушд диҳанд; меъёрҳои ҳифзкунандаи озодии баён ва рӯзноманигоронро барқарор намоянд; иштироки намояндагони расонаҳо ва коршиносони соҳаи ВАО дар таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии марбути ин соҳаро таъмин кунанд.

Рӯзноманигорон мегӯянд, дар 29 соли истиқлолии Қирғизистон дар ин кишвар борҳо талош шудааст, ки озодии баён тавассути қонунгузорӣ маҳдуд карда шавад ва борҳо талош шудааст, ки тавассути расонидани фишорҳои ҷисмониву равонӣ садди роҳи фаъолияти рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеа гирифта шавад.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи 4 октябр таъйин шудааст. Дар ин интихобот 16 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.

Рекорди нави Узбекистон дар фурӯши тило

Акс аз бойгонӣ.

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ Узбекистон бо арзиши 5,8 миллиард доллар тило фурӯхтааст.

Ба иттилои Кумитаи омори он кишвар, ин миқдор фурӯши тило нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,2 дарсад ё 1,8 миллиард доллар бештар аст.

Содироти тило дар 8 моҳи соли ҷорӣ 50 дарсади ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулоти Узбекистонро ташкил додааст.

Бино ба оморҳо, танҳо дар моҳи август Узбекистон ба маблағи бештар аз 2,5 миллиард доллар ба хориҷ тило содир кардааст. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар ҳашт моҳи имсол 24,5 миллиард долларро ташкил додааст.

Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллиард доллар камтар арзёбӣ мешавад. Ба ин тартиб, содироти Узбекистон 11,6 миллиард доллар ва воридоташ 12,9 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар моҳи июл Узбекистон бо фурӯши 11,6 тона тило дар ҷаҳон дар миёни фурӯшандагони тило мақоми аввалро соҳиб шуда буд. Он моҳ Узбекистон 6,1 тона тило ба хориҷ содир кард.

Сокинони як деҳаи таърихии Бритониё олигархи қазоқро ба додгоҳ мекашанд

Нурлан Бизаков, олигархи қазоқ.

Сокинони деҳаи Ист-Хорслӣ дар Сассекси Шимолии Бритониё аз он нигаронанд, ки олигархи қазоқистонӣ Нурлан Бизаков мехоҳад дар ҳудуди фермаи асппарварии худ 205 бинои зист бунёд кунад. Ба гуфтаи онҳо, ин сохтмонҳо симои деҳаи таърихии аз асри 12 боқимондаро хатчадор мекунад.

Ба навиштаи Daily Mail, Нурлан Бизаков соли 2010 фермаи асппарварии "Hesmonds Stud"-ро соҳиб шудааст ва сокинони Ист-Хорслӣ он замон истиқбол карданд, вале тасмими ғайриинтизори олигархи қазоқ дар бораи бунёди бинои зист дар ферма норозигии онҳоро ба бор овардааст.

Иштирокдорони маъракаи зидди бунёди биноҳои зист дар ҳудуди ферма мехоҳанд, олигархро ба додгоҳ бикашанд.

Маҷаллаи "Forbes" соли 2017 Нурлан Бизаковро ба феҳристи 50 соҳибкори сарватмандтарини Қазоқистон шомил карда буд. Дороии ӯ 445 миллион доллар арзёбӣ шуд. Ӯ дар солҳои гуногун узви шӯрои мудирони "Қазкоммерсбонк", мудири "ШНОС", муассиси "Нафтбонк", раиси шӯрои мудирони "Сумб" ва мудири "Қазфосфат" дар Қазоқистон буд.

Дар фермаи Hesmonds Stud зотҳои аспҳое парвариш меёбанд, ки дар мусобиқаҳои Англия ҳамеша ҷойҳои намоён мегиранд. Бизаков соли 2019 низ дар Фаронса фермаи асппарварии "Montfort & Préaux"-ро харидааст.

Беш аз 120 асари рассоми тоҷик ба коми оташ рафтааст

Ҷонибек Асозода, рассом

Оташсӯзӣ дар манзили зисти як рассом дар ҷануби Тоҷикистон садҳо китобу асар ва мусаввараҳои ӯро аз байн бурдааст.

Сухтор дар хонаи Ҷонибек Асозода, яке аз рассомони шинохта ва узви Академияи муссавирии Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ, рӯзи 17-уми сентябр рух додааст.

Вайс Асозода, писари рассом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи ин оташсӯзӣ беш аз 120 асари тозаэҷод ва китобхонаи хусусии падараш бо 750 китоб ба коми оташ рафтааст.
Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб аст. Ӯ яке аз фарҳангиёнест, ки соли 2014 "Чакан"-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ карда буд.

Ин яке аз офаридаи рассом аст, ки сӯхтааст
Ин яке аз офаридаи рассом аст, ки сӯхтааст

Мусаввараҳои ӯ дар даҳҳо чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ аз сирояти коронавирус ба 44 нафари дигар хабар дод

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мутахассисон васоили муҳофизатӣ барои табибон ва кормандони дигари тиббӣ намерасад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 42 мавриди нави бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва ҳамингуна теъдоди беморон ба 9388 нафар расидааст.

Вазорат рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки айни замон 113 нафар бо аломатҳои беморӣ зери назорати табибон қарор доранд ва 44 нафарро ҳам баъди муолиҷа ба хона ҷавоб додаанд.

Дар умум ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон тақрибан 87 дар сади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд ва аз баҳори имсол то кунун беморӣ 73 нафарро куштааст. Аммо на ҳама ба омори вазорат бовар доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот зиёдтар аз омори расмӣ аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи оянда "ғайриқонунӣ" аст

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст.

Гуруҳе аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳуриро «ғайриқонунӣ» хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки натиҷаҳои онро эътироф накунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи кутоҳе гуфт, “интихоботи президентии 11-уми октябрро ғайриқонунӣ медонад, зеро, пас аз нақзи созишномаи Сулҳ ва пешвои миллат эълон шудани Э. Раҳмон, он дар мухолифат бо меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои кишвар баргузор мегардад.»

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки дар интихобот «номзадҳои алтернативӣ ва мустақил ширкат надоранд ва натиҷаҳои он наметавонад, баёнгари раъйи мардуми Тоҷикистон бошад.» Бо назардошти ин гуфтааст, Паймони Миллии Тоҷикистон аз мардум, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст даъват мекунад, «интихобот ва натиҷаҳои онро ғайримашруъ бидонанд.»

Дар интихоботи президентӣ дар моҳи оянда панҷ номзад, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури феълӣ ширкат мекунанд. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар интихобот пирӯз эълон шавад ва барои 7 соли дигар раиси ҷумҳури Тоҷикистон бимонад. Тайи чанд соли ахир ӯ ва ҳукуматро барои саркӯби дигарандешон, аз саҳнаи сиёсӣ рондани мухолифони давлат, маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқи бунёдӣ дар кишвар танқид мекунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст.

ИМА афродеро, ки дар барномаи ҳастаии Эрон ширкат доранд, таҳрим мекунад

Оташи тупхона дар як пойгоҳи низомии Эрон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 21-уми сентябр 20 шахсияту ниҳодҳои марбутаеро, ки дар барномаи ҳастаӣ, аслиҳаи мушакӣ ва маъмулии Эрон ширкат доранд, таҳрим хоҳад кард.

Дар ин бора як мақоми баландпояи Амрико рӯзи 21-уми сентябр ба хабаргузории Рейтерс хабар додааст.

Рӯзи 19-уми сентябр Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарфи назар аз мухолифати баъзе аз муттаҳидони аврупоиаш таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро якҷониба барқарор кард.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки хилофи таҳримҳо дигар кишварҳо набояд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки агар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадориҳои худро оид ба иҷро кардани ин таҳримот риоя накунанд, ИМА чора хоҳад дид.

"Рӯзҳои наздик Иёлоти Муттаҳида як қатор чораҳои иловагиро барои пурзӯр намудани татбиқи таҳримоти СММ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон эълон хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

USAID гуфт, 300 000 нафарро дар Тоҷикистон бо оби пок таъмин мекунад

Бархе сокинони Тоҷикистон бо хару ароба аз масофаи дур оби ошомиданӣ меоранд

Як муассиаи имдодии Амрико эълон кард, ки ба иҷрои барномаи 12 миллион долларӣ барои таъмини мардуми деҳот бо оби пок дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳадафи барномаи Оҷонси Амрико Барои Рушди Байналмилалӣ, ки дар муддати 5 сол иҷро мешавад, таъмини дастрасии камаш, 300 ҳазор нафар аз сокинони деҳот ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ба оби пок аст.

Дар баёния омадааст, ки “дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти муносиб ва мудирияти муносиби захираҳои об, ба роҳи як кишвар ба самти субот, шукуфоии иқтисодӣ ва раҳоӣ аз пойбандӣ таъсири фавқуллода мегузорад.”

Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба эътирофи мақомоти масъул, наздики 40 дар сади сокинонаш ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро низ "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд. Соли гузашта Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.

Ӯ ин гузоришашро пас аз панҷ соли сафар ба Тоҷикистон нашр кард. Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар даҳ соли ахир сокинони даҳҳо деҳоти дурдаст бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.

Вазирони Аврупо дигарбора таҳримот ба зидди Белорусро баррасӣ мекунанд

Дар Ҷумҳурии Белорус бештар аз як моҳ аст, ки эътирозҳо ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко идома дорад.

Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар шаҳри Брюссел дигарбора дар бораи эъмоли таҳримот ба зидди Белорус гуфтугу мекунанд. Се ҳафта пештар иттиҳодия қавл дод, ба зидди он мақомоти Белорус, ки ба саркӯби тазоҳургарон муттаҳам мешаванд, таҳримот ҷорӣ мекунад.

Бештар аз як моҳ аст, ки дар ин кишвар эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август ва раиси ҷумҳур Александр Лукашенко идома дорад. Интизор меравад, ки Светлана Тихановская, пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 21-уми сентябр бо Ҷузеп Борел, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вазирони кишварҳои узв мулоқоти ғайрирасмӣ дошта бошад.

Иттиҳод феҳрасти таҳримот ба зидди Белорусро таҳия кардааст, вале Қибрис, як кишвари узв мухолифи он аст ва мехоҳад, Иттиҳоди Аврупо ба зидди Туркия ҳам барои корҳои иктишофии баҳсбарангез дар Баҳри Миёназамин чораҳое биандешад. Иттиҳоди Аврупо фақат дар сурати ризояти тамоми 27 узви хонавода метавонад, ба зидди кишваре таҳрим эъмол кунад.

Бунбаст дар масъалаи Белорус, даъватҳо барои ислоҳи ин муқарраротро ба вуҷуд овардааст ва аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва таҳримот, усули раъйи аксариятро истифода барад.

Иштироки ҳазорон нафар дар тазоҳуроти 20-уми сентябр дар Беларус

Эътирози сокинон дар Беларус

Ин эътироз дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 19-уми сентябр садҳо зани эътирозгар дар Минск боздошт шуд.

Мақомот бо мошинҳои зиреҳпуш роҳи ҳаракати эътирозгаронро бастанд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба мақомоти Беларус навишт, ки 10 эътирозгар боздошт шудааст.

Эътирозгарон талош доштанд, бо шиорҳое ба назди додгоҳи олии Беларус ва манзили зисти Лукашенко бираванд, вале пулис монеи онҳо шуд.

Эътирозҳо дар Беларус замоне оғоз шуд, ки Александр Лукашенкоро, ки 26 сол боз раҳбари Беларус аст, барандаи интихоботи 9-уми август эълон карданд.

Эътирозгарон Светлана Тиханвоская, рақиби Лукашенко дар интихоботро ғолиб медонанд ва бештар аз як моҳ боз эътироз доранд.

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани 30 узви Толибон хабар доданд

Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар Кундуз

Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад, ки беш аз 30 ҷангии Толибон бар асари зарбаи ҳавоии неруҳои ҳукуматӣ кушта шудаанд.

Масъулони вилояти Кундуз мегӯянд, дар миёни кушташудаҳо сокинони мулкӣ низ ҳастанд.

Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ дод, ки 19-уми сентябр ду зарбаи ҳавоӣ ба пойгоҳи Толибон дар ноҳияи Хонобод шимоли Кундуз зада шудааст.

Масъулини вилояти Кундуз мегӯянд, бар асари ин зарбаҳо дасти кам 12 шаҳрванди мулкӣ кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шудааст.

Зарбаҳои маргбор дар ҳоле зада шуданд, ки гуфтушуниди намояндаҳои ҳукумати Афғонистон бо Толибон дар Қатар идома мекард.

Фотима Азиз, узви порлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз гуфтааст, зарбаи аввали ҳавоӣ ба пойгоҳи Толибон зада шуд, аммо зарбаи дуввум ба шаҳрвандони мулкӣ, ки дар маҳалли таркиш ҷамъ омада буданд, асобат кардааст.

Вазорати дифоъи Афғонистон кушта шудани афроди мулкиро рад кард ва гуфтааст, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Толибон дар баёнияи худ марги ҷангиёни худро рад кардаанд ва гуфтанд дар ин ҳодиса 23 шаҳрванди мулкӣ кушта шудааст.

Нигаронӣ аз эътирози зидди маҳдудият барои эҳтиёт аз коронавирус

Фурудгоҳи Лондон

Тазоҳургарони норозӣ аз маҳдудсозӣ барои эҳтиёт аз “Ковид 19” рӯзи якшанбеи 19 сентябр бо кормандони пулис дар Ландан бархурд карданд.

Ин дар ҳолест ҳазорҳо нафар аз одамон ба хотири ширкат дар намоиши эътирозӣ дар Дюселдорфи Олмон таҷамуъ кардаанд. Чуноне шумораи гирифторони коронавирус дар Аврупо ба якборагӣ афзоиш ёфтааст.

Тазоҳурот дар Ландан дар замоне оғоз шуд, ки Содиқ Хон шаҳрдори Ландан аз эҳтимоли ҷорӣ намудани қуюди шабгардӣ хабар дод ва барои барвақтар бастани дари пивахонаҳо амр дода, равуои меҳмонӣ ба хонаҳоро манъ кард.

Ин тадобир ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ябораи гирифторӣ ба бемории "Ковид-19" гирифта шудааст.

Ҳукумати Бритониё дар ин ҳафта ҷамъшудани беш аз шаш нафар дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ кард.

Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё гуфт бидуни тардид бо назардошти афзоиши гирифторони ин беморӣ кишвар ба мавҷӣ дуввуми “Коувид 19” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Маҳдудиятҳои алоҳидаи шадидтар дар шаҳрҳои Бритониё 13,5 миллион одамро фаро хоҳад гирифт.

Ҳамчунин дар Руминия вокуниши манфии мардум ба маҳдудсозӣ барои эҳтиёт аз коронвирус ба мушоҳида мерасад.

Садҳо нафар одамон дар Бухарест, пойтахти Руминия алайҳи маҳдудиятсозиҳо зидди коронавирус, аз ҷумла барои доштани ниқоби тиббӣ ва таҳсили фосилавии талабаҳои мактаб эътироз кардаанд.

Сарфи назар аз афзоиши мизони пандемияи “Ковид 19” дар Фаронса, рӯзи 20-уми сентябр марҳилаи ниҳоии "Тур де Франс" баргузор хоҳад шуд.

ИМА аз бозгашти таҳримҳои СММ алайҳи Эрон хабар дод

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарфи назар аз мухолифати баъзе аз муттаҳидони аврупоиаш таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро якҷониба барқарор кард.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки хилофи таҳримҳо дигар кишварҳо набояд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки агар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадориҳои худро оид ба иҷро кардани ин таҳримот риоя накунанд, ИМА чора хоҳад дид.

"Рӯзҳои наздик Иёлоти Муттаҳида як қатор чораҳои иловагиро барои пурзӯр намудани татбиқи таҳримоти СММ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон эълон хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

Омодагии ҳазорон зан барои эътирози навбатӣ дар Беларус

Эътирози занон дар Минск, пойтахти Беларус

Интизор меравад, ки нисфирӯзии 20-уми сентябр, як рӯз пас аз он, ки пулис садҳо занро дар Беларус барои эътирози зидди Александр Лукашенко, президенти кишвар боздошт кард, ҳазорон зани дигар ба хиёбонҳо бароянд.

Видео аз эътирози рӯзи 19-уми сентябр дар Беларус

Дар эътирози рӯзи гузашта садҳо зан, ки талаби истеъфои Александро Лукашенко, президенти кунунии Беларусро мекарданд, аз ҷониби пулис боздошт шуданд. Ҳоло дар пойтахт ва дигар минтақаҳои Беларус занон тасмими ширкат дар эътирозӣ имрӯз, 20-уми сентябрро доранд.

Эътирозҳо дар Беларус пас аз анҷоми интихоботи президентии рӯзи 9-уми август то кунун давом доранд.

Эътирозгарон ба натиҷаи расмии интихобот, ки Александр Лукашенкоро барандаи он эълон кардааст, розӣ нестанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки интихобот шаффоф набуд ва дар асл, барандаи он Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко мебошад.

Лукашнеко, ки 26 сол боз раҳбарии Беларусро дар даст дорад, ба ин назар розӣ нест ва бо амри ӯ эътирозгарон саркуб мешаванд.

"Ковид-19" ё "илтиҳоби шуш"? Устоди риштаи журналистика даргузашт

Дӯстмурод Бобоев, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дӯстмурод Бобоев, устоди кафедраи "Телевизион ва радиошунавонӣ"-и факултаи журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар синни 60 солагӣ даргузашт.

Ҳамкорони ӯ сабаби маргашро бемории “КОВИД-19” номидаанд, вале пайвандонаш гуфтанд, ки бар асари бемории “илтиҳоби шуш” фавтид.

Наздикони Дӯстмурод Бобоев гуфтанд, ки ӯро як ҳафта пеш ҳангоми нафастангӣ ба беморхонаи “Якум советский” бурданд.

Ҷовид Муқим, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки Дӯстмурод Бобоев, дотсенти кафедраи "Телевизион ва радиошунавонӣ"-и ДМТ бар асари бемории кутоҳмуддати "КОВИД-19" аз олам гузашт.

Масъулони беморхонаи “Якум советский" ҳанӯз сабаби аслии марги ӯро шарҳ надодаанд.

Сангин Гулов, устоди Кафедраи "Телевизион ва радиошунавонӣ"-и факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ гуфт, ҷасади Дӯстмурод Бобоев дар қабристони маҳаллаи 7-ум километри шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Дӯстмурод Бобоев тайи чанд соли ахир дар кафедраи "Кинопублитсистика: воқеият ва муаммои тасвири инсон"-и факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ фаъолият дошт.

Ӯ дар мавзуи "Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар публисистика" рисолаи доктории худро навишта, дар садади ҳимояи он буд.

Таҳдиди фармондеҳи эронӣ ба амрикоиҳо дар робита ба қатли генерал Сулаймонӣ

Ҳусейн Саломӣ

Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, таҳдид кард, аз ҳар касе, ки дар қатли Қосими Сулаймонӣ нақш дорад, интиқом хоҳанд гирифт. Генерал Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳ, моҳи январи имсол дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд. Вебсайти Сипоҳи посдорон рӯзи 19-уми сентябр аз Ҳусейн Саломӣ иқтибос овард, ки гуфтааст, “Ҷаноби Трамп, интиқом гирифтани мо барои шаҳодати генерал возеҳ, ҷиддӣ ва қатъӣ аст.” Вай афзудааст, ба шахсоне, ки мустақим ё ғайримустақим дар кушта шудани Сулаймонӣ нақш доштанд, зарба хоҳанд зад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар аввали ин ҳафта ҳушдор дода буд, ки Вашингтон ба ҳар талоши Эрон барои гирифтани интиқоми марги генерал Сулаймонӣ ҷавоби сахте хоҳад дод. Таҳдиди Трамп баъди он садо дод, ки дар гузорише гуфта мешуд Эрон ҳамчун интиқоми қатли Сулаймонӣ қасд дорад сафири Амрикоро дар Африқои Ҷанубӣ бикушад. Ҳусейн Саломӣ қасди куштани сафири Амрикоро рад кард, аммо рӯшан кард, ки Эрон интиқоми фармондеши пешинро гирифтанист.

Дар Минск даҳҳо нафари норозӣ, аксаран занҳо дастгир шудаанд

Минск, 19-уми сентябри 2020

Пулиси Белорус рӯзи 19-уми сентябр даҳҳо нафари норозиро дар Минск боздошт кардааст. Онҳо бо роҳпаймоӣ дар пойтахт хостори истеъфои раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко шудаанд. Эътирозҳо аз рӯзи 9-уми август, замони интихоботи президентӣ дар Белорус идома дорад. Норозиён натиҷаҳои интихоботро, ки бино бар он Лукашенко баранда эълон шуд, намепазиранд. Дар натиҷаи тазоҳуроти беш аз як моҳи ахир ҳазорон нафар боздошту лутукӯб шуда, тақрибан ҳамаи роҳбарони асосии мухолифин маҷбур кишварро тарк кардаанд ва ё дастгир шудаанд. Садҳо нафари норозӣ, ки бисёре аз онҳо зан буданд, рӯзи 19-уми сентябр дар маркази Минск роҳпаймоӣ карданд ва муддати кӯтоҳе бо пулиси зидди шӯриш даргир шуданд. Пулиси зидди шӯриш даҳҳо занро боздошт кард. Дар миёни дастгиршудагон Нина Баҳинскаяи 73-сола низ ҳаст.

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард

Светлана Тихановская

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди вазъи Белорус эъломия қабул кард. Дар он дар хусуси даҳҳо ҳолати таҳқири инсон, дуздӣ, ихроҷи одамон ва зӯроварии ҷинсӣ зикр карда шудааст, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба тазоҳургарони мусолиматомез сурат гирифтааст. Кишварҳои узви Шӯро даъват карданд, ки дар Белорус зӯроварӣ нисбат ба тазоҳургарон қатъ шуда, ба боздоштҳои худсарона хотима диҳанд ва маҳбусони сиёсиву журналистҳо, ҳомиёни ҳуқуқ ва афроди дигареро, ки дар ҷараёни гирдиҳамоӣ боздошт шудаанд, озод кунанд. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Белорус даъват намуд, ки бо мухолифини сиёсиаш паси мизи музокира нишинад. Рӯзи ҷумъа дар ҷараёни баррасии вазъи Белорус иштирокдорони Шӯрои ҳуқуқи башар барои тасдиқи ҳолатҳои таҳқиру зӯроварӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон талаб карданд, ки гуруҳи нозир ҷалб карда шавад. Дар ин бора номзади собиқ ба мақоми президентии Белорус Светлана Тихановская ҳангоми суханронии онлайни худ зикр кард. Вай зарурати дахолати ҷомеаи ҷаҳониро ба Белорус таъкид кард, аммо намояндаи расмии Минск дар Женева гуфт, дар Белорус маҳбуси сиёсӣ нест ва нисбат ба тазоҳургарон зӯроварии ҷинсӣ сурат нагирифтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG