Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу ниҳоди мушовирони низомиро пешниҳод кард


Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Сергей Шойгу-вазири дифои Русия гуфтааст, пойгоҳҳои низомиии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон пеши роҳи терроризмро дар ин минтақаҳо мегиранд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд.

Шойгу дар конфронси панҷуми Маскав роҷеъ ба амнияти байналмиллалӣ гуфт, “густариши ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯбаи созмони ҳамкории Шонгҳой ба манофеи мо мутобиқат мекунад. Яке аз вазифаҳои умумӣ роҳ надодан ба густариши терроризм дар қаламрави кишварҳои муштараулманофеъ мебошад”.

Вазири дифои Русия афзуд, “мо бовар дорем, ки яке аз замонатҳои таъмини амният дар минтақа ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон аст. Мо як ҷо бо ҳампаймонҳои худ омодагии низомии онҳоро боло мебарем ва ба ин тартиб таъмини амнияти Душанбеву Бишкекро беҳтар мекунем”

Шойгу мегӯяд, “Вазорати дифои Русия пешниҳод кард, ки ниҳоди миллии мушовирони низомӣ дар таркиби сохтори Созмони ҳамкории Шонгҳой ташкил шавад. Иҷрои ин пешниҳд метавонад самараи ҳамкориҳои муштаракро боло бибарад ва имконоти вазоратҳоро барои рафъи хатарҳои кунунӣ дар қаламрави ин созмон ҷалб намояд.”

XS
SM
MD
LG