Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия натавонист киштии кайҳонии "Союз"-ро ба фазо фиристад


Лоиҳаи сохтмони космодроми "Восточний"
Лоиҳаи сохтмони космодроми "Восточний"

Парвози киштии кайҳонии "Союз" дар космодроми нави "Восточний”-и Русия, ки қарор буд субҳи 27 апрел сурат гирад, ба таъхир афтод.

Қарор буд, соати панҷи субҳи 27 апрел дар космодроми нави "Восточний" дар наздикии шаҳраки Углегорски вилояти Амури Русия барои бори аввал киштии кайҳонии "Союз 2.1 а" парвоз кунад. Аммо дар дақиқаҳои охирин парвози киштии кайҳонии ҳомили се моҳвора ба далели нуқси фаннӣ манъ шуд. Бар асоси иттилои пешакӣ, мумкин аст, ин парвоз субҳи 28 апрел анҷом бишавад.

Космодроми "Восточний", ки барои сохтмони он 400 миллиард рубл сарф шудааст, аз фасодзадатарин тарҳҳои солҳои охир дар Русия ба шумор меравад. Сохтмон дар соли 2012 шурӯъ шуда ва қарор буд дар соли 2015 анҷом шавад. Аммо ба далели ғасбу ба сирқат бурдани пулҳои тарҳ баҳрабардорӣ аз ин космодром ба муддати як сол ба ақиб афтод.

Бино ба маълумоти додситонии Русия, дар ҷараёни бунёди ин лоиҳа 7,5 миллиард рубл дуздида шудааст. Вале Палатаи ҳисоби Русия маблағи дуздидашударо 13 миллиард рубл гуфтааст. Коршиносон бовар доранд, ки маблағи дуздидашуда дар сохтмони космодром аз ин дида зиёдтар аст.

Муовини нахуствазири Русия ва сарпарасти ин лоиҳа Дмитрий Рогозин дар соли 2012 ваъда дода буд, ки космодром дар муддати муқарраршуда ба истифода дода мешавад. Вале ин ваъда иҷро нашуд.

Бунёди космодроми “Восточний” моҷароҳоеро, ки ба пардохт нашудани музди меҳнати коргарон рабт мегирифт, ба дунбол дошт. Дар арафаи парвози нахустин киштии кайҳонӣ дар ин космодром додситонии вилояти Приморе хабар дод, ки ширкати "Кӯпруксозии Уқёнуси Ором" ба 1113 коргар ба миқдори 124 миллион рубл маош пардохт накардааст.

Маълумот дар бораи ба таври оммавӣ пардохт нашудани музди меҳнати коргарони космодроми "Восточний" дар ҷараёни гуруснанишинӣ эълон кардани даҳҳо коргар ва корпаротии садҳо нафари дигар дар соли гузашта пайдо шуд.

Коргарон ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷараёни суҳбати мустақимаш аз ин вазъият шикоят карданд ва билофосила пас аз он муовини нахуствазир Дмитрий Рогозин ба майдони сохтмон рафта, аз ҳалли мушкили пардохти музди меҳнат гузориш дод.

Ба ҳангоми тафтишоти ниҳодҳои бозрасӣ дар ин сохтмон дар мавриди ба сирқат бурдан, истифодаи нодурусти пулҳо ва қаллобӣ 20 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

XS
SM
MD
LG