Пайвандҳои дастрасӣ

Рабуда шудани як коргари серб дар Либия


Вазорати умури хориҷии Сербия рӯзи 26 апрел хабари дар Либия рабуда шудани як шаҳрванди кишварро тасдиқ кард.

Дар изҳороти вазорат дар бораи шахси рӯзи 23 ё 24 апрел рабудашуда иттилоъ дода нашудааст. Аммо нашрияи Vecernje Novosti чопи Белград навиштааст, ки афроди мусаллаҳи ношинос шаҳрванди 36-солаи Сербия Мирослав Томик, корманди ширкати нафтии олмонии Ferrostaal-ро гаравгон гирифтаанд. Ин ширкати олмонӣ ба бунёди лӯлаи газ дар Либия машғул аст.

Ба иттилои нашрия, Томикро дар канори кони нафти Мессина, воқеъ дар 1200 километрии ҷануби Троблус, пойтахти Либия рабудаанд.

Ду моҳ пеш ду серб, ки дар сафорати кишвар дар Либия кор мекарданд, аз сӯи афроди ношинос рабуда ва баъдан кушта шуда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG