Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дардҳои наву кӯҳна. Аз фоҷиаи Чернобил 30 сол гузашт


Иштирокдорони тоҷики рафъи оқибатҳои фоҷиаи Чернобил мегӯянд, ки гузашти сӣ сол ҳам натавонистааст, доғи ин фалокатро аз рӯҳу ҷисми онҳо ва ҳатто фарзандонашон дур бикунад.

Иштирокдорони рафъи оқибатҳои фоҷиаи истгоҳи ҳастаии Чернобил рӯзи 26 апрел дар Душанбе аз ин ҳодисаи 30 соли қабл ёдоварӣ карда ва гуфтанд, ки гузашти замон ҳам натавонистааст доғҳои сиёҳи ин фалокатро аз рӯҳу ҷисми онҳо бишӯяд.

Абдухолиқ Ҷӯраев, яке аз иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати Чернобил, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ ҳангоми берун баромаданаш аз Тоҷикистон намедонист ба куҷо меравад ва ӯву ҳамроҳонашро чӣ интизор аст. Ӯ гуфт, "баҳори соли 1987 дар ҳайати нерӯҳои захиравии Тоҷикистон ба вагон савор шуда, ба Қазоқистон равон шудем. Ба мо гуфтанд, ки ба ҷамъоварии ҳосили гандум ба даштҳои Қазоқистон меравем."

Аммо, ба нақли Абдухолиқ Ҷӯраев, баъдан дар Тошканд ба вагони онҳо ҳайате аз Узбакистон ҳамроҳ шуда, танҳо дар оҷно фаҳмидаанд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои фалокати истгоҳи ҳастаии Чернобил мераванд. Ҷӯраев мегӯяд, ӯ мудддати 28 рӯз дар блоки чоруми истгоҳи Чернобил бо либоси махсус ба ҷамъоварӣ ва бор кардани хокистар ба мошинҳо машғул буда, баъдан дар пайи бад шудани вазъи саломаташ ба бемористон интиқол ёфтааст.

“Сарам чунон сахт дард мекард, ки фикр мекардам, ҳозир мекафад. Баъдан дард ба тамоми бадан паҳн шуд. Пас аз як муддати табобат каме аҳволам беҳтар шуд,” - нақл кард ӯ. Абдухолиқ Ҷӯраев гуфт, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон вазъи саломаташ имкон надод, ки ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавад ва се фарзандаш низ маъюб ба дунё омадаанд. Пойи фарзанди аввалаш фалаҷ буда, роҳ гашта наметавонад. Фарзандони дигараш низ дарди сару буғум доранд ва шабҳо азият мекашанд.

Фаридун Ҳакимов
Фаридун Ҳакимов

Фаридун Ҳакимов, раиси созмони ҷамъиятии “Иттифоқи Чернобил” мегӯяд, дар маҷмӯъ 1833 фарзанди бартарафкунандаҳои оқибати фалоқати Чернобил маъюб ба дунё омадаанд. Аз ҷумлаи ҳудуди 1900 нафар тоҷикистониҳо, ки дар бартарафсозии оқибатҳои фалокати истгоҳи ҳастаии Чернобил иштирок доштанд, беш аз 500 нафар фавт кардаанд. Ҳисоби миёнаи соли фавтшудагон 42 солро ташкил медиҳад.

Дардҳои наву кӯҳна. Аз фоҷиаи Чернобил 30 сол гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Ба қавли Фаридун Ҳакимов, танҳо пас аз 5 соли фалокати истгоҳи ҳастаии Чернобил ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои фалокати Чернобил қонуне қабул кард. Бар асоси ин санади ҳукумати Тоҷикистон, қарори “Чораҳои иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки аз фалокати Чернобил осеб дидаанд” қабул кард. Аммо дар пайи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон иҷрои ин қарор ба таъхир афтода ва танҳо дар соли 2007 дар ин кишвар Қонуни ҳифзи иҷтимоии осебдидагони фалокати Чернобил тасвиб шуд.

Тибқи ин қонун афроде, ки дар бартарафсозии оқибатҳои фалокати истгоҳи ҳастаии Чернобил ширкат кардаанд, аз имтиёзҳое назири нафақаи иловагӣ, соле як бор истироҳати бепул дар фароғатгоҳҳо ва муоф шудан аз пардохти андози манзил бархӯрдор ҳастанд.

Аз ҷанг ба фалокат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Сӣ соле қабл, 26 апрели соли 1986 дар истгоҳи ҳастаии Чернобил фалокате рух дод, ки ин ҳодиса дар таърихи инсоният аз мудҳиштарин фалокатҳо ҳисоб меёбад. Дар натиҷаи инфиҷор дар блоки чоруми истгоҳ моддаҳои радиоактив ба садҳо ҳазор километри мураббаъ паҳн шуда ва ин фалокат ба қисмати миллионҳо нафар сокинони Украина, Белорус ва Русия нақши фоҷиаборе доштааст.

XS
SM
MD
LG