Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии 13 зан аз асорати шаҳвонӣ дар Туркия


Мақомоти Туркия мегӯянд, ки онҳо 13 занро аз кишварҳои Шӯравии пешин аз Қирғизистону Гурҷистн ва Узбакистон барои эҳтимоли машғул будан бо фоҳишагарӣ боздошт кардаанд.

Ин 13 зан дар ҷараёни амалиёти вижае аз тарафи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Бодрум воқеъ дар ҷануби кишвар боздошт шудаанд. Як мард низ дар ин шаҳр барои созмон додани ҳалқаҳои фаҳш боздошт шудааст.

Ин занҳо баъд аз боздошт ба зиндони муҳоҷирон интиқол дода шудаанд ва мақомоти Турия онҳоро барои истирдод ба ватанашон омода мекунанд.

Пулиси Туркя мегӯяд, ки расидагӣ ба ҳалқаҳои фаҳшои созмонёфта ва ба иддао дар ин бора, ки гӯё занони хориҷиро берун аз хосту иродаи онҳо ба фаҳшо маҷбур кардаанд, шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG