Сарояндаи амрикоӣ Принс (номи пуррааш Принс Роҷерс Нелсон) дар синни 57-солагӣ даргузашт. Ҷасади сароянда дар ҳудуди студияи сабти садояш пайдо гаридааст. Хабар дода мешавад, ки дар ҷои ҳодиса ташхиси тиббиву судӣ ва криминалӣ анҷом мешавад.
Сароянда дар дохили студияи сабти садояш, ки дар шаҳри Шенхассени иёлати Миннесота ҷойгир аст, зиндагӣ мекард. Ҷузъиёти дигари марги вай маълум нест.
Дар робита ба марги сароянда президенти ИМА Барак Обама паёме фиристода, гуфтааст, ҷаҳон яке аз рамзҳои ҳунарияшро аз даст дод.
Дар бештар аз 35-соли фаъолияташ Принс 39 маҷмуаи суруд нашр карда, ҷоизаҳои "Грэммӣ", "Оскар" ва "Глобуси тилоӣ"-ро соҳиб шудааст. Авҷи шуҳрати вай ба солҳои 80-уми асри гузашта рост омада буд.