Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи мактаби 17 миллион сомонӣ дар Ёвон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22 апрел бо сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, оқои Раҳмон нахуст дар деҳаи Даҳана мактаби миёнаи рақами 16-ро ба истифода додааст. Ин мактаб бо харҷи 17 миллион сомонии соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов сохта шуда, дар як баста 640 талабро мегунҷонад. То бунёди ин мактаб сокинони Даҳана аз нарасидани синфхона азият мекашиданд.

XS
SM
MD
LG