Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байналмилал Русияро танқид кард


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ҳукумати Русия бо бозгардонидани садҳо шаҳрвандони Узбакистон ба ин кишвар дар азобу шиканҷаи онон “дасти мадад дароз мекунад.” Дар як гузориши тозаи ин созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ, ки рӯзи 21-уми апрел нашр шуд, омадааст, садҳо паноҳҷӯ ва муҳоҷирони кории узбакро аз Русия ихроҷ кардаанд ва ё рабуда ба Узбакистон фиристодаанд ва сипас мақомот онҳоро азобу шиканҷа кардаанд. Ба гуфтаи Авфи Байналмилал, бо вуҷуди онки Русия аз хатари возеҳи шиканҷа шудани шаҳрвандони Узбакистон огаҳ аст, вале бо вуҷуди ин онҳоро истирдод мекунад. Дар гузориш омадааст, ки бисёр кам шудааст, ки Русия дархости истирдоди шаҳрвандони Узбакистонро рад карда бошад, вале ба маъмурони амниятии Тошканд иҷоза медиҳад, шаҳрвандони Узбакистонро рабуда ба кишвар баранд. Ба гуфтаи созмони Авфи Байналмилал, мақомоти Узбакистон, бо баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои тундрави исломӣ, мунтақидону сиёсатмадорони мухолифи давлатро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG