Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20 апрел дар Маскав бо Алии Лориҷонӣ, ҳамтои эронияш дидору гуфтугӯ кардааст. Зуҳуров барои иштирок дар нишасти раҳбарони порлумонҳои 19 кишвари узви АвруОсиё дар Русия қарор дорад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон, гуфт, Зуҳуров муштаракоти таърихию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эронро заминае барои рушди ҳамкориҳои ду ҷониб унвон карда ва гуфтааст, "ҳеч кас наметавонад ба ҳамкорҳои дуҷониба монеъ шавад". Ба қавли ӯ, раиси Маҷлиси Намояндагон дар ин сӯҳбаташ бо Лориҷонӣ аз ёриҳои Эрон дар лаҳзаҳои ба қавли ӯ мушкили Тоҷикистон низ ёдоварӣ кардааст.

"Дастовардҳои бародарони эронӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар боиси сарфарозии мардуми тоҷик мебошад. Танҳо равобити воқеан дӯстонаву самимона ва дипломатияи солим метавонад мавқеи моро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд," - афзудааст Шукурҷон Зуҳуров.

Алии Лориҷонӣ низ гуфтааст, Эрон қасд дорад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон густариш диҳад.

Дар охири соли гузашта дар пайи даъват ва иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ба як ҳамош дар Теҳрон мақомоти Тоҷикистон ба шиддат аз Эрон интиқод карда ва баъзе имом-хатибҳо Ҷумҳурии Исломиро пуштибони ба қавли онҳо "хоинон" номиданд. Вале баъдан мақомоти ду ҷониб бо якдигар мулоқот карда ва гуфтанд, ки тарафдори густариши ҳамкориҳо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG