Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Обама ва Путин


Бино бар хабари хадамоти матбуотии Кохи сафед, президенти ИМА Барак Обама бо ҳамтои русаш Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, аз шикасти оташбаси Сурия изҳори нигаронӣ кардааст.

Президент Обама ба расонидани фишор ба режими суриягӣ таъкид кардааст, то ҳамлаҳои зидди мухолифони вай қатъ карда шавад. Раҳбарони ду кишвар қарор карданд, ки ба тақвияти оташбас талоши бештар кунанд. Онҳо ҳамчунин ба зарурати қатъи ҳамлаҳо аз ҳар ду ҷониб ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ҳамаи минтақаҳои муҳосирашуда таъкид карданд

Президент Обама масъаларо ҳамчунин ба пешрафти гуфтушуниди раванди гузариши бастагӣ дод. Мавзуи Украина низ дар ин гуфтуӯи телефонӣ зикр шуд. Обама аз президент Путин хост, амалиёти низомӣ дар шарқи Украина қатъ ва шартҳои созишномаи Минск иҷро шаванд.

Ба иттилои маркази матбуотии Кремл, президенти ИМА Барак Обама ба Путин барои мусоидати Русия дар раҳоии шаҳрванди амрикоӣ Кевин Доус, ки аз тарафи мақомоти Сурия боздошт шуда буд, изҳори сипос кард.

Шаҳрванди ИМА Доус баъд аз муроҷиати Русия ба мақомоти Сурия озод ва ба сафаротхонаи Амрико дар Москва супорида шуд.

XS
SM
MD
LG