Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафт. Ҳама нигоҳҳо ба сӯи нишасти Доҳа


Кишварҳои тавлидкунандаи нафт ё ОПЕК рӯзи якшанбе дар пойтахти Қатар мулоқот карданд, то имкони коҳиши истихроҷи нафт дар кишварҳои худ ва аз ин роҳ боло бурдани нархи он дар бозорҳои ҷаҳониро баррасӣ кунанд.

Кишварҳои нафтхези ҷаҳон барои поён додан ба рукуди бозори "тилои сиёҳ" ба нишасти кишварҳои тавлидкунандаи нафт ва ғайри узви ОПЕК умед бастаанд, ки рӯзи якшанбе дар пойтахти Қатар баргузор шуд.

Эрон низ кишвари узви ОПЕК аст, вале ба ҳамоиши Доҳа намояндаи худро нафиристод. Аз ин рӯ коршиносон мегӯянд, ки тасмими Эрон дар бораи адами ширкат дар ин ҳамоиш, метавонад натиҷаҳои тавофуқоти кишварҳои дигари узвро камранг кунад. Дар ин ҳамоиш 15 кишвар ширкат доранд ва ҳамаи онҳо, аз ҷумла Русия, узви созмони ОПЕК нестанд. Ин 15 кишвар 73 дарсади нафти ҷаҳонро тавлид мекунанд.

Моҳи феврал низ дар Доҳа намояндагони Қатар, Русия, Арабистони Саъудӣ ва Венесуэла бо ҳам мулоқот карданд ва қавл дода буданд, ки истихроҷи нафтро дар сатҳи истихроҷи моҳи январ нигоҳ хоҳанд дошт, агар кишварҳои дигар низ даст ба чунин иқдом бизананд.

Ин кишварҳо умедворанд, ки агар ба тавофуқ бирасанд, дар он сурат аз поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ пешгирӣ мекунанд. Тобистони соли 2014 нархи як бушка нафт ба 100 доллар баробар буд. Вале то поёни соли 2015 нархи як бушка нафт то ба 30 доллар расид.

Дар давоми 12 соли охир ин поинтарин нарх буд. Аммо дар моҳи январ нархҳо каме боло рафт ва барои як бушка ба 40 доллар баробар шуд. Сабаб ҳам ин буд, ки дар бораи мулоқоти моҳи феврали Доҳа ва ба дунболи он имкони коҳиши истихроҷи нафт дар кишварҳои ОПЕК ва боло рафтани нархи он сару садоҳо бештар шуд.

Акнун Эрон ҳамчун узви созмони ОПЕК мегӯяд, ки истихроҷи нафтро коҳиш намедиҳад ва дар ҳамоиш ҳам ширкат намеҷӯяд. Эрон моҳи январ аз чанголи таҳримҳои иқтисодии Ғарб раҳоӣ ёфт ва акнун мехоҳад имконоти аз даст рафтаи худро дубора барқарор кунад. Ин кишвар мегӯяд, ки мехоҳад мизони истихроҷи нафтро ба давраи қабл аз таҳримҳо бирасонад. Баъд аз лағви таҳримҳо Эрон дар як рӯз 3 миллиону 200 ҳазор бушка нафт истихроҷ мекунад ва умедвор аст, ки онро ба 4 миллион бушка расонад. Ҳоло Эрон содироти нафтро ба кишварҳои аврупоӣ оғоз кардааст.

Бо назардошти чунин равиши Эрон акнун Арабистони Саъудӣ низ эълон кардааст, ки агар Эрон бо тавофуқоти Доҳа дар бораи коҳиши тавлиди нафт розӣ нашавад, Арабистони Саъудӣ ҳам дар тавофуқоти Доҳа имзо нахоҳад гузошт. Аз аввали моҳи феврал то ҳол сабаби 40 дарсад боло рафтани арзиши нафт, яъне аз 30 доллар ба 40 доллар расидани онро баъзе коршиносон дар тавофуқоти Арабистони Саъудӣ ва Русия- ду кишвари аслии тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон медонанд.

Бино ба хабарҳо, дар ҳамоиши Доҳа вазирони энержии Русияву Озарбойҷон ва Қазоқистон низ ширкат доранд ва онҳо аз тавофуқот дар бораи коҳиши тавлиди нафт ҷонибдорӣ кардаанд. Нотиқ Алиев, вазири энержии Озарбойҷон ба матбуот гуфтааст, дар ин ҳамоиш пешниҳод шудааст, ки коҳиши тавлиди нафт то моҳи октябри соли 2016-ро дар бар бигирад. Вале ин кор дар ҳоле имконпазир аст, ки агар ҳамаи кишварҳои узви ОПЕК ба ин тасмим ризоят диҳанд.

XS
SM
MD
LG