Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа аз Тоҷикистон боздид мекунад


Николай Бордюжа-Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзҳои 17-20 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия аз қавли дафтари матбуотии ин созмон хабар додаанд.

Вай дар Тоҷикистон дар ҷараёни ин боздиди серӯза бо раҳбарияти ин кишвар масъалаҳои амнияти минтақаро баррасӣ ва дар нахустин машқҳои нируҳои кашфи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат меҷӯяд.

Ба ин машқҳо номи рамзии "Поиск-2016" ё “Ҷӯстуҷӯ-2016”додаанд ва он барои рӯзҳои 18-22 апрел барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG