Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дохилии Қирғизистон ба Душанбе омад


Мелис Турганбаев, вазири умури дохилии Қирғизистон.
Мелис Турганбаев, вазири умури дохилии Қирғизистон.

Вазири умури дохилии Қирғизистон ҷиҳати ширкат дар нахустин мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, ба Тоҷикистон омад. Ин мушовара рӯзҳои 14-16 апрел дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон, Мелис Турганбаев, вазири умури дохилии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз роҳи Исфара вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, меҳмононро дар гузаргоҳи марзии Гулистони шаҳри Исфара муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати ВКД дар Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтаанд.

Қарор аст дар ин мушовара масоили ҳамкориҳо миёни вазоратҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шавад. Мубориза бар зидди экстремизм-терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия, аз дигар масоиле ҳастанд, ки дар ин мушовара мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG