Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон домодро дуздиданд


Дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ҷавоне бо номи Нодир Абдуҳамидов домодшавандаи духтари дӯстдоштаашро рабуд. Ба амалиёти “домоддуздӣ” вай хешовандонашро ҳам ҷалб кардааст.

Ҳодисаеро, ки дар ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд рух дод, танҳо дар кино дидан мумкин аст. Нодир ном ҷавоне ошиқи духтаре шуд. Вале волидайни духтар ӯро ба ҷавони дигаре доданд.

Нодир дар фикри ҳалли ин мушкил шуда, як рӯз пеш аз маросими арӯсӣ домодшавандаи маҳбубаи худро рабуд.

Ба иттилои пулиси вилояти Самарқанд, барои иҷрои нақшаи худ Нодир Абдуҳамидов хешовандонаш Ҳабибулло Абдуҳамидов ва бародарзодааш Аббос Иброҳимовро низ ҷалб кардааст.

Бо машварати пешакӣ ин мардҳо ба домодшаванда занг зада хоҳиш мекунанд, ки ба кӯча барояд, зеро мехоҳанд ӯро пеш аз маросими арӯсӣ табрик кунанд. Вақте домод ба кӯча мебарояд, онҳо ӯро бо зӯрӣ вориди мошин карда, ба самти номаълум мебаранд.

Дар ниҳоят “домоддузд”, Нодир Абдуҳамидов, дар содир кардани ҷиноят, тибқи банди "авбошӣ" 3,5 сол зиндонӣ шуд. Ду шарики хешовандаш то 3 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG