Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Назарбоев ба Эрону Туркия ва Узбакистон


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон бо даъвати ҳамтояш Ҳасани Руҳонӣ 11 апрел ба Теҳрон сафар мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои Қазоқистон.

Интизор меравад, дар ин сафар иҷрои созишҳое баррасӣ шавад, ки ҳангоми боздиди Руҳонӣ аз Остона дар моҳи сентярби 2014 ҳосил шудаанд.

13 апрел Назарбоев барои ширкат дар ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои исломӣ (ОИС) вориди Туркия мешавад.

Роҳбари Қазоқистон 15 апрел барои мулоқот бо президенти Узбакистон Ислом Каримов ба Тошканд сафар хоҳад кард. Назарбоев бо Каримов ҷанбаҳои муҳими ҳамкории ду кишварро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад дафтари раисҷумҳури Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG