Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Путин барои таъсиси Горди миллӣ


Қарор аст, бар пояи Қӯшинҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Русия Горди миллӣ ташкил шавад.

Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар мулоқот бо мақомоти ниҳодҳои қудратии ин кишвар хабар додааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Путин, "ин ниҳод ба мубориза алайҳи терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта" машғул шуда, вазифаҳои Неруҳои таъиноти махсус (ОМОН) ва Гурӯҳи вижаи вокуниши сареъ (СОБР)-ро низ иҷро хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот Владимир Путин тасмим дар бораи ба ҳайати ВКД шомил шудани Хадамоти Федероли муҳоҷират ва назорат бар маводи мухаддирро эълон кард.

XS
SM
MD
LG