Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти духтари Владимир Маяковский дар Нию-Йорк


Патрисия Томсон
Патрисия Томсон

Нависанда ва файласуф Патрисия ТомпсонЕлена Маяковская- духтари шоир Владимир Маяковский дар Ню-Йорк фавтид. Дар ин бора раиси осорхонаи Маяковский Алексей Лобов хабар дод.

Духтари Маяковский 89 сол умр дид. Осорхонаи Москва ният дошт ҷашни 90-солагии ӯро таҷлил кунад ва ёдгориҳои Маяковскийро ба намоиш гузорад.

Патрисия Томпсон-духтари Владимир Маяковский аз муҳоҷирзани рус Елизавета Зиберт, ки шоир дар соли 1925 дар Ню-Йорк бо ӯ шинос шудааст, ба дунё омадааст. Духтари Маяковский тамоми умр дар ИМА зиндагӣ кард, аммо бо ватани падариаш ҳамеша робита дошт. Патрисия дар 2,5-солагиаш ҳамагӣ як бор Маяковскийро дидааст, вале вай мегуфт, ин дидорро тамоми умр дар хотир дошт.

XS
SM
MD
LG