Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахолати Озода Раҳмон ба қазияи Меҳровар


Озода Раҳмон
Озода Раҳмон

Озода Раҳмон - роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон - аз додситонии низомӣ хостааст, ки ба қазияи ин сарбози тоҷик ҷиддан расидагӣ шавад.

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар ҷавоб ба номаи Мунира Асоева - модари Меҳровар Мақсудов - гуфтааст, ки ба қазияи, бино ба қавли наздиконаш, латту кӯби ин сарбози Вазорати дифоъ расидагӣ шавад. Дар ин бора 5 апрел аз Додситонии низомии Тоҷикистон ба Озодӣ хабар дода ва гуфтанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад ва агар Меҳровар воқеан латту кӯб шуда бошад, омилонаш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Карим Салимзода, муфаттиши Додситонии низомӣ, низ гуфт, номаи Озода Раҳмон ба онҳо рӯзи душанбе дастрас шудааст. "Дар нома гуфта шудааст, ки ҳама паҳлӯҳои қазия баррасӣ шуда, баъдан хулосааш ирсол гардад," – афзуд ӯ.

Меҳровар Мақсудов аз 22 марти соли ҷорӣ боз дар бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарист. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ дар пайи латту кӯби чанд тан аз сарбозон ба ин ҳол гирифтор шудааст

Акси Меҳровар Мақсудов
Акси Меҳровар Мақсудов

ва бояд омилонаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо қаблан Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри иизҳороти расмӣ чунин иддаоро беасос хонда ва гуфта буд, ин сарбози тоҷик "сурхакон" шудааст ва бояд табобат бигирад.

Мунира Асоева, модари Меҳровар Мақсудов, рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ ирсоли нома ба унвонии Озода Раҳмонро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ин мактуб пештар ирсол шуда дар он таъкид шудааст, Озода Раҳмон низ модар аст ва бояд дарду алами як модарро бифаҳмад, ки писарашро ба саффи нерӯҳои мусаллаҳ сиҳҳату саломат фиристода, аммо маъюб гирифтааст.

Асоева афзуд, "имрӯз бояд муфаттиш ба бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо писарам ва табибон сӯҳбат кунад. То замони ин посухи Озода Раҳмон ба баррасии мунсифонаи қазияи писарам бовар надоштам. Ҳоло умед дорем, ин қазия мусбат ҳал шуда, ҳатман гунаҳкорон ҷавоби корашонро мегиранд."

Хонаводаи Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латту кӯбаш, қаблан аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ кумак хоста буданд. Пайвандони ин сарбоз, рӯзи 26 март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи латту кӯби Меҳровар шудаанд.

Ҳамсояҳои Меҳровар, ки ҳамагӣ чанд моҳи пеш довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, мегӯянд, ӯ муҳасcили Коллеҷи тарбияи ҷисмонии пойтахт ва ҷавони солим буд.

Соҳибҷамол Заҳматова, яке аз ҳамсояҳои хонаводаи Меҳровар Мақсудов гуфт, “вақте дар моҳи октябр ӯ ба ман гуфт, ки бо хоҳиши худ ба хидмат меравад, ман ҳатто гуфтам, ҳоло ҳаво хунук аст, наравад. Аммо ӯ гӯш накард. Ҳоло бошад модараш гиря мекунад, ки Меҳровар девона шудааст. Дар чунин ҳолат, аз ин пас магар ягон модар розӣ мешавад, ки фарзандаш ба хидмат равад?"

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчӣ мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

XS
SM
MD
LG