Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Дар Қарабоғ 33 нафар кушта шудаанд


Бар асари задухӯрдҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ дасти кам 33 нафар кушта ва беш аз 200 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 4 апрел бо такя ба гузориши Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башарӣ иттилоъ дод. Миёни қурбониёни низоъ 30 нафар низомиён ва се тани дигар сокини осоиштаанд, гуфта шудааст дар гузориши СММ. Теъдоди маҷрӯҳон ҳанӯз расман тайид нашудааст.

Қаблан Боку аз кушта шудани 12 низомии озарӣ дар ҷангҳои Қарабоғи кӯҳӣ хабар дод. Ереван талафоти нерӯҳои арманиро 18 нафар гуфтааст.

Низоъ дар Қарабоғи кӯҳӣ шаби шанбе, 2 апрел, аз сар гирифта шуд. Рӯзи якшанбе Озарбойҷон эълом дошт, ки якҷониба ба амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хотима додааст. Дар навбати худ, Арманистон изҳороти Бокуро «қапқони иттилоотӣ» номид. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи оташбас ва идомаи тирандозӣ айбдор мекунанд.

Аз минтақаи низоъ то ҳол иттилои зиддуннақиз мерасад. Вазорати дифои Арманистон рӯзи душанбе хабар дод, ки низомиёни озарӣ аз тонку тӯпхона ва таҷҳизоти «Град» мавқеъҳои нерӯҳои арманиро гулулаборон мекунанд. Хабаргузории «Новости-Армения» аз нобуд сохтани се тонки нерӯҳои озарӣ иттилоъ дод. Боку ин хабаррао рад кард. Хабаргузории Oxu.аz. аз қавли вазорати дифои Озарбойҷон навиштааст, ки рӯзи якшанбе ба нерӯҳову техникаи низомии арманиҳо осеби ҷиддӣ расонда шуд.

Кишварҳои ғарбӣ, Русия ва Эрон аз ҷонибҳои даргир хостанд, ки аз сабурӣ кор бигиранд ва аз амиқрафти низоъ ҷиламвгирӣ кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG