Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Созише оид ба сарнавишти Асад нест


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, сару садоҳо дар бораи созиши Маскаву Вошингтон оид ба сарнавишти раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро қатъӣ рад кард. Ҳампаймонҳои амрикоии мо наметавонанд он нуктаро зеру шубҳа бубаранд, ки фақат мардуми Сурия ҳама масоили марбут ба фардои Сурияро ҳал мекунанд, изҳор намуд Лавров дар нишасти хабарие, ки рӯзи 1 апрел дар Маскав баргузор шуд.

31 март нашрияи арабии Ал-Ҳаёт навишт, вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ба чанд кишвари арабӣ гуфтааст, ки Русияву Иёлоти Муттаҳида дар мавриди раванди сулҳи Сурия, аз ҷумла, эҳтимоли аз Сурия ба дигар кишвар рафтани Башор Асад, ба созиш расидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG