Тайи як ҳафтаи амалиёти “Муҳоҷири ғайриқонунӣ” дар шаҳру вилояти Челябински Русия, 136 муҳоҷир бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар дастгир шудаанд. Дафтари матбуоти пулиси Челябинск рӯзи 1 апрел хабар дод, ки ин муҳоҷиронро ба маблағи аз 2000 то 5000 рубл ҷарима бастаанд ва аз қаламрави Русия ҳам ихроҷ мекунанд. Аксари боздоштшудаҳо аз Узбакистон ва Тоҷикистон будаанд.