Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Русия аз озмоиши мушакҳои Эрон


Русия гуфт, ки озмоишҳои охири мушакҳои Эрон қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ нақз накардааст. Пештар баъзе кишварҳои ғарбӣ гуфта буданд, ки ин озмоишҳо бар хилофи қатъномаи мазкур анҷом гирифтааст.

Амрико ва се кишвари Аврупо ба Шӯрои Амнияти СММ номае фиристодаанд ва хостаанд, ки бар зидди ин озмоишҳои Эрон чора андешад. Бино ба гуфтаи онҳо, мушакҳои озмудаи Эрон тавони ҳамли кулоҳакҳои ҳастаиро доранд.

Вале Маскав бо ин гуфтаҳо розӣ нест ва изҳор доштааст, ки ин қатънома озмоиши мушакҳоро мамнуъ намекунад.

Дар номае, ки 28 март ба нашр расид, Вашингтону Порис ва Лондону Берлин далел овардаанд, ки ду навъи мушак, ки Эрон партоб кардааст, яъне мушакҳои навъи Шаҳоб 3 ва Қиём 1 метавонанд кулоҳакҳои ҳастаӣ ҳамл кунанд.

Эрон даъво мекунад, ки ин мушакҳо дар қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ оварда нашудаанд.

XS
SM
MD
LG