Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Egyptair рабуда шуд


Ҳавопаймои мусофирбари A320-и ширкати Egyptair, ки рӯзи 29 март аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст, дар фурудгоҳи шаҳри Ларнакӣ дар Қибрис нишаст. Ҳавопаймо аз шаҳри Искандария сӯи Қоҳира парвоз мекард. Бино ба хабарҳо, дар ҳавопаймои рабудашуда 55 мусофир ва 7 сарнишин ҳузур доранд. Қаблан теъдоди мусофирону сарнишинҳо 81 нафар гуфта мешуд.

Командири ҳавопаймо иттилоъ додааст, ки яке аз мусофирон бо камарбанди маводи тарканда, талаб намуд, ки самти парвоз тағйир дода шавад.

Шумораи ҳавопайморабоён ва талабҳои онҳо алҳол маълум нест. Яке аз ҳавопайморабоён талаб кардааст, ки кормандони полис ба ҳавопаймо наздик нашаванд. Аз ин пеш нашрияи юнонии Protothema хабар дода буд, ки ҳавопайморабоён ҳама занону кӯдакони дорои шаҳрвандии Мисрро раҳо карданианд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар Қирбрис ду ситоди бӯҳронӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG