Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқом Алиев аз зиндон раҳо шуд


Интиқом Алиев бо писараш
Интиқом Алиев бо писараш

Интиқом Алиев-фаъоли ҳуқуқи башари Озарбойҷон аз зиндон раҳо шуд. Вай аз соли 2014 то ҳол дар зиндон ба сар мебурд. 28 март мӯҳлати зиндони вай ба ҳабси хонагӣ тағир дода шуд.

Алиев соли 2014 боздошт ва моҳи апрели соли 2015 барои фаъолиятҳои ғайриқонунии тиҷоратӣ, пардохт накардани молиёт, суистифода аз мақом ва иттиҳомти дигар маҳкум ба зиндон шуда буд.

28 март Додгоҳи Олии Озарбойҷон аз 7 ним соли зиндони Алиев 5 соли боқимондаро ба ҳабси хонагӣ табдил дод. Алиев ҳамеша ин иттиҳомотро рад мекард ва мегуфт, ки он ангезаи сиёсӣ дорад.

Вай соли 2015 барандаи ҷоизаи Ҳуқуқи Башар дониста шуд. Алиев дар соли 1998 Ҷомеаи қонунии омӯзишӣ ташкил кард ва ба гурӯҳҳои хурд кӯмакҳои ҳуқуқӣ мерасонд.

XS
SM
MD
LG