Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон наздики 150 ҳазор нафар таҳти назоратанд


Дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии “Тозалаш-Антитеррор” дар Ӯзбекистон 75 ҳазор сокине, ки ба мӯҳлати тӯлонӣ ба кишварҳои дигар сафар кардаанд ва 70 ҳазор сокини аз сафари тӯлонӣ ба ватан баргашта, таҳти назорат гирифта шудаанд.

Ин омор дар нашрияи “На посту”-и вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон чоп шудааст. Ба иттилои ин нашрия, 261 хориҷӣ ва нафарони бе шаҳрвандӣ аз кишвар берун карда шуданд ва 306 нафари дорои бемориҳои рӯҳӣ барои табобат ба муассисаҳои тиббӣ фиристода шуданд.

Ба иттилои ВКД, дар деҳаҳо, маҳаллаҳо, корхонаҳову созмонҳо ва муассисаҳои таълимӣ 13,8 ҳазор мулоқоту мизҳои гирд баргузор шуда, шаҳрвандонро ба ҳушёрӣ даъват кардаанд. Қариб 70 ҳазор сокини Ӯзбекистон аз “сӯҳбат” бо маъмурони ВКД ва Хадамоти амнияти миллии (ХАМ) Ӯзбекистон гузаштаанд. Бархе аз онҳо ин сӯҳбатҳоро “бозпурсӣ” меноманд.

Ба гуфтаи Дмитрий Владимиров, вакили дифоъ аз Самарқанд, “сӯҳбатҳои пешгиркунанда” бо нафарони аз хориҷи кишвар баргашта ба бозпурсии тафтишотӣ хеле монанд аст. Зеро онҳо бо вайрон кардани қоидаҳои тафтишот анҷом дода мешаванд. Ин сӯҳбатҳо дар фурудгоҳ ҳангоми бозгашт ба Ӯзбекистон шурӯъ шуда, бо ташрифҳои шабонаи “корманди минтақавии милиса” идома меёбанд.

XS
SM
MD
LG