Пайвандҳои дастрасӣ

Дар минтақаи кӯли Сарез зилзила рух дод


Шоми ҷумъа дар қаламрави Тоҷикистон зилзила рух дод. Дар ин бора 19 март Хадамоти геофизикии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст.

Зилзилашиносон гуфтаанд, ин зилзила дар 330 километрии ҷануби шарқи шаҳри Душанбе дар минтақаи кӯли Сарез рух додааст ва шиддати он 5,3 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

Шиддати зилзила ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ-маркази вилояти мухтори Бадахшон, дар ноҳияҳои атроф ва дар шаҳри Душанбе низ эҳсос шудааст.

Дар давоми чор моҳи охир ин севвумин зилзилаи шадид дар минтақаи кӯли Сарез мебошад. Ин кӯл соли 1911 дар натиҷаи зилзила ва лағзиши кӯҳ ба вуҷуд омадааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG