Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соати фарорасии Наврӯз эълон шуд


Имсол Навруз ё Рӯзи нав субҳи якшанбеи 20 март дар соати 09:20 фаро мерасад. Наврузи деҳқонӣ бошад, имрӯз 18 март оғоз шуд ва се рӯз идома хоҳад кард.

Хурсанд Ибоддинов,масъули Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 18 март ба Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дод.

Вай гуфт, бар асоси улуми астрономӣ маҳз дар соати 9. 20 дақиқаи рӯзи якшанбе дарозоии шабу рӯз комилан баробар мешавад ва рӯзи нав фаро мерасад, ки ин Наврӯз аст.

Хурсанд Ибоддинов мегӯяд, ки бо дар назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан яку ним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи вай азбаски зимистони имсол гарм омад, аллакай деҳқонон дар киштзорҳои худ ба зироаткорӣ машғул ҳастанд.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21 март аз як барномаи рангин дар Наврӯзгоҳ оғоз ёфта, рӯзи 22 март бо сайругашти оммавии идона дар сатҳи ноҳияиҳои шаҳр идома хоҳад ёфт. Рӯзи 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав низ чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешаванд. Маросими Наврӯзи шаҳри Душанбе рӯзи 24 март бо як маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар маркази пойтахт ҷамъбаст хоҳад шуд.

Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавонони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG