Намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки Бозорбой Бобохонов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлонро шаби 16 март бо ҳавопаймои ширкати «ТоҷикЭйр» аз Маскав ба Душанбе фиристодаанд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 17 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Бозорбой Бобохонов дар авоили моҳи март дар бахши нейрохирургии бемористони марказии шаҳри Подолски вилояти Маскав аз ноҳияи сараш ҷарроҳӣ шуд. Азбаски ӯ суғуртаи тиббӣ надошт, пули табобати вайро бо мусоидати намояндагии хадамоти муҳоҷират муҳоҷирони тоҷик ҷамъ овардаанд.