Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 кас дар таркише дар Пешовар


Бар асари таркиш дар автобус дар як шаҳри канори Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, дасти кам 15 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Аббос Маҷид Марвот, як мансабдори воломақоми полиси маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфт, таркиш рӯзи 16 март дар минтақаи тиҷоратии Саддари шаҳри Мардон дар ҳоле рӯй дод, ки хизматчиёни давлатӣ бо ин автобус ба ҷойҳои кори худ ба шаҳри Пешовар рафтанӣ буданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG