Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре, ки аз чашмаш "хун меборад"


Марний Ҳарвей, як духтари 17-солаи бритониёӣ аст, ки ба ҷои ашк аз чашмонаш хун мерезад.

Аз чашмони як духтари 17-солаи бритониёӣ ба ҷои ашк, хун мерезад. Ба гузориши шабакаи хабарии ББС, Марний Ҳарвей аввалин бор дар соли 2013 гирифтори исҳоли хунӣ шуд ва дар он замон аз даҳонаш хун меомад. Аммо дар тобистони соли гузашта хунрезӣ аз чашмонаш оғоз шуд ва ҳоло аз бинӣ ва гӯшаш ҳам хун меояд. Ӯ мегӯяд, "чашмонам месӯзад ва вақте мардумаки чашмамро хун мепӯшонад, дигар чизеро наметавонам бибинам."

Вақте аввалин бор хунрезӣ аз чашмони ин духтари навҷавон шурӯъ шуд, падар ва модараш саросема вайро ба бемористон бурданд. Имдодгарони ваҳшатзада мегуфтанд, ки ҳаргиз чунин чизеро надидаанд. Аммо вақте ба бемористон расиданд, ҳеҷ чизи ғайриоддӣ ва ғайримаъмулӣ дар чашмонаш дида намешуд: "Вақте ба бемористон расидем, онҳо чашмони манро муоина карданд, аммо ҳама чиз оддӣ буд."

Марний Ҳарвей ваъзияти худро шарҳ дода ва мегӯяд, ки "аз чашмонам хун меояд ва ҳама чеҳраамро мепӯшонад ва давоми як сония ҳама чиз ба ҳолати оддӣ бармегардад. Озмоиши хун додаам ва ҳама чиз оддӣ аст."

Баъд аз аввалин хунрезӣ, то ду ҳафта ҳар рӯз аз чашмони Марний хун меомад, то ин ки ба гуфтаи худаш, "як рӯз дар фурӯшгоҳ будам, ки ногаҳон хунрезӣ аз ҳар ду чашм ва ду гӯшам оғоз шуд ва маҷбур шудам дубора бо мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон биравам."

Ӯ ки барои ин мушкили худ ба назди табибони зиёде рафтааст, мегӯяд, касе то ба ҳол мушкили аслии ӯро ташхис накардааст. Ба ӯ гуфта шудааст, ки системаи имунитети баданаш заиф аст. Ба назар мерасад, ки вазъият феълан бадтар мешавад: "Ба ҳар ҷо ки меравам, мардум ба ман нигоҳ мекунанд. Охирин бор мардум дар бемористон аз чеҳраи ман акс мегирифтанд. Наметавонам аз хона берун биравам ва вазъиятам зоҳиран бадтар мешавад."

XS
SM
MD
LG