Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои десантии Русия барои машқ ба Тоҷикистон омаданд


Воҳидҳои низомии Русия барои ширкат дар машқҳои муштараки Тоҷикастону Русия ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ин бора 13 март дафтари матбуотии вазорати дифои Русия ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст.

Дар ин хабар омдааст, ки “имрӯз воҳидҳои десантии Иваново ва Уляновск барои ширкат дар машқҳои муштараки низомӣ ба фурудгоҳи ”Ҳисор” бо ҳавопаймои борбари Ил-76 интиқол дода шуданд.

Дар маҷмуъ 150 нафар нируҳои десантӣ ба ин машқҳо ҷалб мешаванд. Онҳо бояд дар ҷараёни ин машқҳо бо бори муайян дар тахтапуш ба замин партофта шаванд ва онҳо дар ҷои барояшон ношинос фуруд меоянд ва дар шароити боду ҳавои номусоид ва дар шароити душвори кӯҳистонӣ бояд фаъолияти ҷангиро идома диҳанд.

Дар хабар омадааст, онҳо ин машқҳоро дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои низомии ҳавзаи марказии низомии Русия ва нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG