Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Sky News ба ҳуҷҷатҳои ҷангҷӯёни ДИ дастрасӣ ёфт


Телевизиони бритониёии "Sky News" мегӯяд, ҳуҷҷат ва иттилои 22 ҳазор ҷангҷӯи гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ"-ро дар ихтиёр дорад.

"Sky News" хабар медиҳад, ин ҳуҷҷатҳоро, ки дар онҳо ном, суроға, рақами телефон ва дигар иттилои хешовандони эҳтимолии ҷангҷӯён мавҷуд аст, аз узви пешини ДИ дарёфт кардааст. Узви пешини ДИ гуфтааст, ҳуҷҷатҳоро аз сардори пулиси дохилии ДИ ба даст овардааст.

Sky News хабар медиҳад, дар ин ҳуҷҷатҳо маълумот дар бораи шаҳрвандони бештар аз 50 давлат маҳфуз аст.

Ҳуҷҷатҳоро дар корти хотиравӣ марде, ки худро Абу Ҳомид, ҷангии пешини Артиши озоди Сурия меномад, ҳифз кардааст. Ин мард ба ДИ пайваста буд.

XS
SM
MD
LG