Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷҳизоти беш аз 20 корхонаи Донбасс ба Русия кашонда шудааст


Аз минтақаҳои муваққатан забтшудаи вилоятҳои Донетск ва Луганск таҷҳизоти беш аз 20 корхонаи украинӣ қисман ё пурра ба Русия оварда шудааст.

Дар миёни ин корхонаҳо ширкати давлатии “Топаз”, корхонаи тирбарории Луганск, коргоҳи мошинсозии Луганск, корхонаи мошинсозии Хартсиз ҳастанд. Дар ин бора рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ намояндаи Сарраёсати бахши ҷосусии вазорати мудофиаи Украина Вадим Скибитский хабар дод.

Вай афзуд, ки таҷҳизоти 13 корхона ғорат шуда, ҷузъҳои оҳании зерсохторҳо барои оҳанпора бурида шудаанд.

Ба гуфтаи Скибитский, бахши кашфи вазорати мудофиа даст доштани Русия дар ин корҳоро мушоҳида мекунад, ки ҳадафи онҳо вайрон кардани зерсохтори иқтисодӣ дар шарқи Украина мебошад.

Москва иддаои Киев ва кишварҳои Ғарбӣ дар бораи пуштибонии ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи Украина ва ҳузури низомиёни русӣ дар қаламрави ин кишварро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG