Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизбони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз


Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Эрон, 6-уми марти соли 2016 дар бинои ин сафорат бахшида ба Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО-и дохилию хориҷии Эрон, ҳайати дипломатии муқими Теҳрон ва донишҷӯёни тоҷик нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Дар назар аст, ин ҳамоиш рӯзҳои аз 18 то 24 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода дар робита ба ибтикороти Тоҷикистон тайи солҳои охир дар ин росто ва мизбонии ин кишвар аз чандин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳузури сарони давлатҳо ва мақомоти баландпояи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Душанбе суҳбат кардааст.

Сипас, ширкаткунандагон бо ҷузъиёти барномаи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бо иштироки адибони 22 кишвари ҷаҳон шинос гардиданд. Дар фарҷом роҷеъ ба Тоҷикистон ва анъанаҳои наврӯзӣ наворҳои видеоӣ намоиш дода шуданд.

XS
SM
MD
LG