Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров: "Агар Путин гӯяд, дар мақом мемонам..."


Истеъфои Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистони Русия, зери суол рафт - дар ин кишвари қафқозӣ маъракаи густурдаи пуштибонӣ аз ӯ роҳандозӣ шудааст.

Мӯҳлати раёсати Рамазон Қодиров дар садри Чеченистон моҳи оянда поён меёбад. Бештари таҳлилгарон бар ин буданд, ки Рамазон Қодиров дар бораи истеъфо ҳатто андеша намекунад – ӯ тайи беш аз даҳ сол аз як сӯ, дар Чеченистон сиёсати худкомаро роҳандозӣ кард ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи мардуми ин ҷумҳурӣ бонги изтироб мезаданд, аз сӯи дигар, бо мадади Кремл ин кишвари ҷангзадаро ба як гӯшаи ободу осуда табдил дод.

Аммо рӯзи 27 феврал Рамазон Қодиров дар як мусоҳиба изҳор намуд, ки дигар вақти истеъфояш фаро расидааст. "Қодиров то ба қуллаи худ расид", изҳор намуд раисиҷумҳури Чеченистон дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии НТВ. "Агар аз рӯйи адолат ҳарф бизанем, то имрӯз ман аз ӯҳдаи иҷрои корҳо баромадаам. Аммо барои он ки исми маро алайҳи мардумам истифода накунанд, фикр мекунам, барои раҳбарии Чеченистон бояд нафари дигареро ҷуст."

Рамазон Қодиров дар идома таъкид намуд, "замони раҳбарии ман гузашт ва дар тими мо теъдоди мутахассисони хуб барои ҷойгузини банда низ зиёд ҳастанд."

Аммо ин мусоҳиба дар Чеченистон шӯре барпо кардааст – мардуму созмонҳои ҷамъиятӣ таҳти раҳбарии мансабдорони ҳукуматӣ бо роҳандозии як маъракаи густурда аз Рамазон талаб доранд, ки ӯ дар мақомаш бимонад. Як рӯз баъд аз изҳороти Рамазон Қодиров гурӯҳи бо номи «Форуми шаҳрвандии Ҷумҳурии Чеченистон» таъсис шуд , ки дар нахустин изҳороташ эълом дошт, Рамазон Қодиров алтернатива надорад ва мавзӯи ҷойгузини ӯ ҳам набояд матраҳ шавад. Зимнан, ин изҳорот дар сомонаи расмии раисиҷумҳури Чеченистон нашр шудааст.

Ба думболи ин намояндаи расмии Комиссиюни ҳуқуқи башари Чеченистон Нурдӣ Нухоҷиев изҳор намуд, ки «сарпечии Қодиров аз боқӣ мондан дар мақоми президентӣ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Чеченистон аст». Ҳомии ҳуқуқи башар аз кушторҳои сиёсиву кушторҳои бидуни додгоҳ, муҷозоти пайвандони муҷоҳидони чечен ва мухолифини ҳукумат аз рӯи принсипи «бародар барои бародар ҷаво мегӯяд» ва дигар ҷиноёти замони раҳбарии Рамазон Қодировро комилан аз ёд бурд.

Ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ ва аксҳои кӯдаконе роҳ ёфтанд, ки аз Қодиров ситоиш мекунанд, дар борааш шеър мехонанд ва бо садои гиряолуд аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки дар мақоми президентӣ бимонад. Фақат дар Instagram, аз шабакаҳои иҷтимоии дӯстдоштаи Рамазон Қодиров тайи як-ду рӯз дар гӯшаи «Рамазон намеравад» беш аз 6600 назари мухталиф дар бораи дар садри Чеченистон боқӣ мондан ё намондани ӯ нашр шуд.

Зимнан, худи Рамазон Қодиров, ки як ҳафта пеш гуфта буд ба истеъфо меравад ва мехоҳад бақияи умрашро сарфи тарбияи фарзандонаш кунад, рӯзи 2 март мавқеяшро «нармтар» кард. «Агар президент Владимир Путин гӯяд, ки дар ин мақом боқӣ мондани ман зарур аст, ман ҳарф нахоҳам зад. Агар тасмими дигар бигирад, онро ҳам бечунучаро иҷро мекунам. Вақте ман мегӯям, ки сарбози Путин ҳастам, ин ҳарфи хушку холӣ нест, ин мавқеи ман аст», изҳор намуд Рамазон Қодиров дар мусоҳиба бо хабаргузории «Интерфакс».

Рамазон Қодиров, писари Аҳмад Қодиров – раисиҷумҳури собиқи Чеченистон аст ва аз соли 2004 ба ин сӯ зимоми қудрат дар он кишвари қафқозиро дар даст дорад. Ӯ борҳо дар нишасту бархостҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳимояташ аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро баён доштааст.

XS
SM
MD
LG