Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири амнияти Туркманистон иваз шуд


Дар Туркманистон вазири амнияти миллӣ иваз шуд. Дар ин бора телевизионҳои давлатии он кишвар хабар медиҳанд.

Бино бар иттилои телевизионҳо, вазири пешини амният Гуйчгелдӣ Хоҷабердиев бо сабаби "вазъи саломатиаш" ба истеъфо рафтааст. Ҳамакнун Давронгелдӣ Байрамов, ки то ин замон хадамоти гумруки Туркманистонро роҳбарӣ мекард, вазири амният таъйин шудааст.

Дар моҳҳои охир Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ ворид кард. Ин тағйир дар пасманзари шиддат ёфтани буҳрони иқтисодӣ дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст. Моҳи феврал раиси дастгоҳи президент Палвон Таганов аз вазифа сабукдӯш шуда буд. Он замон Бердимуҳаммадов сабаби сабукдӯш кардани раиси дастгоҳашро ба фасодкорӣ ва масоили интизомӣ рабт дода буд.

Вазири пешини амнияти миллӣ Гуйчгелдӣ Хоҷабердиев моҳи октябр ба вазифа таъйин шуда буд. То он замон вай хадамоти амнияти президентро роҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG